ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОН ДАР БӮСТОН ТЕЛЕФОНИ ЗАНИ ШИНОСАШРО БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААСТ

Ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Бӯстон  ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 18 ноябр ба хонаи зани 30-солаи шиносаш омада,  бо талаби 300 сомонӣ, телефони ӯро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.

ххххххххххх

Ду сокини қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешаванд, ки соати сеи шаби 15 ноябр гови як зани сокини Восеъро аз оғилаш дуздидаанд.

ххххххххххх

Як зани 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки як сол боз 5 ҳазор доллар пули як  зани 35-солаи сокини пойтахтро  то ҳол барнагардондааст. Марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш ҳам барои қаллобӣ суд шуда буд, ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2019 аз як сокини пойтахт бо фиреб 70 ҳазор доллар гирифта, 60 ҳазорашро то ҳол надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Даст ба ғорат задани ҷавони 24-сола

Нисбати ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо моддаи 248 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда 18-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 13:00, ба хонаи шиносаш, зани 30-солаи сокини шаҳри мазкур омада, аз охирон 300 сомонӣ талаб намуда, бо тариқи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-7»-ро, ки арзишаш 1 000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳия Фирдавсӣ бо ариза, зани 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, зани 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, бо ариза, марди 32-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 10 ҳазор доллари амрикоиашро баргардонида, боқимонда 60 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.

Содир гардидани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби шахсони қаблан судшуда

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 03.00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур ва марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button