ВарзишВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ“ГУРГИ ПОМИР” ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ ДАР МАСКАВ БАРОИ СУРЪАТИ БАЛАНД (ВИДЕО)

Чоршанбе Чоршанбиев, размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар шаҳри Маскав барои бидуни ҳуҷҷати ронандагию суғурта ва бо суръати баланд рондани мошин дар шаҳри Маскав дастгир шудааст. Хадамоти матбуоти ГИБДД (БДА) Маскав рӯзи 3 декабр хабар дод, ки варзишгари 26-солаи зодаи Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортово қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда, ба болои ин,  ин лаҳзаро сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

“Дар ҷараёни мониторинги Интернет мо видеоҳоеро пайдо кардем, ки як ронанда бо мошини “Тойота Камри” ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортовл  чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ба ҳаёт ва саломатии ронандагони дигар хатар эҷод мекунад. Шахсият ва макони будубоши ин ронанда муайян карда шуд. Ӯ дар километри 92-юми тарафи берунии МКАД (роҳи ҳалқаии атрофи Маскав) дастгир гардида, барои расидагии минбаъда ба шуъбаи ГИБДД дар ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ дастрас карда “, –  гуфта мешавад дар иттилоияи пулиси роҳи пойтахти Русия.

Телеграм-канали 112  видеои лаҳзаи бо суръати баланд дар нақби Лефортово мошин рондани Чоршанбе Чоршанбиев ва ҳам сабти бозпурсии ӯ дар пулисро нашр кардааст. Маълум мешавад, ки ин кор чоруним моҳ пеш – 20 июл рӯй дода будааст. Пулис аз Чоршанбе пурсид, ки кӣ ӯро ба рондани мошин бо чунин суръати баланд таҳрик дод? Чоршанбе гуфт: “Ягон кас. Ман бисёр вақт худам худамро ба як корҳое таҳрик медиҳам ки…”

Бино ба иттилои расмӣ, мошини Чоршанберо дар тавқифгоҳи ҷаримавӣ (штрафстоянка) маҳкам карда, худашро барои надоштани суғуртаи ОСАГО ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашондаанд. Ӯ ба кормандони пулис ҳуҷҷати ронандагии аз Тоҷикистон гирифтаашро нишон додааст. Вале дар ГИБДД гуфтаанд, ки ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон дар Русия қурби қонунӣ надорад ва Чоршанбеев бояд ҳуҷҷати ронандагии Русия медошт.

Чоршанбе Чоршанбиев дар соҳаи варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд. Муҳаммад Ҳайбатӣ, маъруф бо лақаби Эронии Доғистон (Персидский Дагестанец) моҳи феврали соли равон нақл карда буд, ки дар пайи як муноқиша бо Чоршанбе Чоршанбиев, ӯ аз як пораи гӯшаш маҳрум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button