ВидеоИқтисодСиёсат

БАРОДАРИ ВАЗИРИ АНДОЗ НУСРАТУЛЛО ДАВЛАТЗОДА МАНСАБИ НАВ ГИРИФТ

Маҳмадӣ Давлатов, бародари раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода аз мақоми раиси маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд барканор шуда, билофосила ба як вазифаи калидӣ дар мақомоти андоз таъин шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Pressa.tj , ин тағйироти кадрӣ рӯзи 1 декабр сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои нашрия, Раҷаббой Аҳмадзода — раиси вилояти Суғд ба ҷои Маҳмадӣ Давлатов Ғайбулло Муҳиддиновро мудири нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар ин вилоят таъйин кардааст.

Ин хабарро Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуоти агентии “Тоҷикстандарт” низ ба Pressa.tj тасдиқ карда, гуфтааст, ки Маҳмадӣ Давлатов ҳоло муовини сардори раёсати андози вилояти Суғд таъйин гардидааст. Мақомот шарҳ надодаанд, ки дар як идора: Кумитаи андоз дар вазифаҳои раҳбарӣ кор кардани ду бародар то куҷо ҷавобгӯи он қонунҳои Тоҷикистон аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз коррупсия ва хешутаборбозӣ дар идораҳои давлатӣ дар тобеияти якдигар кор кардани хешовандони наздикро манъ кардааст?

Маҳмадӣ Давлатов 19 феврали соли 1976 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) дар ҷануби Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии  Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Маҳмадӣ Давлатов аксаран дар вилояти Суғд ва асосан дар сохторҳои андоз кор карда, як муддат муовини шаҳрдори Хуҷанд ҳам буд. Ӯ аз соли 2018 раҳбари бахши вилоятии “Тоҷикстандарт” дар Суғд буд.

Ғайбулло Муҳиддинов, ки акнун ба курсии Маҳмадӣ Давлатов дар мақоми раҳбари маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд нишаст, 11 феврали соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва филиали Донишкадаи технологӣ дар шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисосҳои информатика ва технологияи ҳиссоббарорӣ ва технологияи маҳсулоти хӯроки умумӣ хатм кардааст. Ғайбулло Муҳиддинов фаъолияти кориро аз соли 2000-ум ба сифати мутахассис дар Маркази Тоҷикистандарт оғоз намуда, то вазифаи сардори шуъбаи стандартонӣ ва бамеъёргузории техникӣ расидааст. Бино ба иттилои Pressa.tj,  Ғайбулло Муҳиддинов бародари Ҳабибулло Муҳиддинов аст, ки тоза як моҳ қабл бо фармони вазири тандурустӣ ба ҷои Фаррух Мақсудзода ба мансаби сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин гардид.

Нусратулло Давлатзода яке аз аъзои пурнуфузи ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар баробари мансаби баланд тавассути фарзандону бародаронаш  тиҷорати бузурге дар бозори сохтмон ҳам дорад. Ӯ соли 1962 дар ноҳияи Совет ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 20006 Академияи хидмати давлатии президенти Русияро хатм кардааст. Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аст.

Маҳмадӣ Давлатов

Нусратулло Давлатзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button