ВидеоИқтисодМуҳоҷиронЧеҳраҳо

МИЛЛИОНЕРИ ТОҶИК МАҒОЗААШРО ДАР РУСИЯ БО НАРХИ 299 МИЛЛИОН РУБЛ МЕФУРӮШАД

Нашрияи муътабари русии “КоммерсантЪ” хабар дод, ки собиқ кинотеатри “Искра” дар кӯчаи Макаренкои шаҳри Перми Русия ба фурӯш гузошта шудааст. Дар эълони нашршуда дар сомонаи эълонҳои Avito  гуфта шудааст, ки ин маркази савдоро Савралӣ Қаландаров ба фурӯш мондааст. Савралӣ писари Абдусалим Қаландаров, як соҳибкори маъруфи тоҷик аст, ки дар шаҳру кишвари Перми Русия як силсилаи мағозаҳои фурӯши либосу пойафзолро бо номи “Мир” мечархонад.

Масоҳати замини фурӯшгоҳи фурӯшӣ зери 3 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати худи бино 3277 метри мураббаъ будааст.  Соҳибони тоҷикаш ин маркази савдоро бо нархи 299 миллион рубл, яъне 4 миллион доллар ба фурӯш гузоштаанд.

Кинотеатри “Искра” дар Перм соли 1971 сохта шуда, соли 2003 шаҳрдорӣ онро дар музояда бо нархи 19 миллиону 950 ҳазор рубл фурӯхт. Соҳибони наваш кинотеатрро ба маркази савдо табдил доданд. Он чанд дафъа аз даст ба даст фурӯхта шуд ва соли 2018 бо нархи алакай 140,5 миллион рубл дигарбора ба фурӯш гузошта шуд. Дар поёни соли 2019 кинотеатри собиқро соҳибкори тоҷик Абдусалим Қаландаров харид. Бино ба иттилои пойгоҳи 2ГИС, дар ҳоли ҳозир дар ду қабати ин кинотеатри собиқ мағозаи фурӯши либосу пойафзол “Мир” ҷойгир шудааст.

Ахиран гузориш шуда буд, ки моҳи июни соли 2021 Абдусалим Қаландаров аз соҳибкорони Перм Иля Жуков ва Анна Бездомникова собиқ маркази савдои “Виват” дар шоҳроҳи Космонавтҳо, 240 дар минтақаи Верхние Муллиро харид. Ин бинои дуқабата бо нархи 207 миллион рубл (тақрибан 3 миллион доллар) ба фурӯш гузошта шуда буд. Масоҳати собиқ ҳипермаркети “Виват” 6100 метри мураббаъ ва замини зераш 3100 метри мураббаъро ташкил дода, дар он мағозаҳое, чун «Доброцен», «Маркер Игрушка» ва Tobacco Perm ҷойгир шудаанд.

Эҳтимол меравад, ки Абдусалим  Қаландаров акнун тиҷораташро шояд ба ин бинои калонтар кӯчонданист.

Бино ба иттилои пойгоҳи kartoteka.ru, соҳибкори зодаи Тоҷикистон Абдусалим Қаландаров ва фарзандаш Савралӣ Қаландаров ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ сабти ном шуда, ба тиҷорати либосу пойафзол машғуланд. Қаландаров дар Перм як силсила молу мулк, аз ҷумла бирноҳо дар суроғаҳои кӯчаи Соли 1905, 10а ва кӯчаи Куйбишев, 143 дошта, ҳамчунин силсилаи мағозаҳои “Мир” низ аз они ӯст. 

Номи Абдусалим Қаландаров як дафъа соли 2016 вақте ба сархатти хабарҳо афтод, ки  пулиси Перм ӯро барои дар ду мағозааш ба фурӯш гузоштани ғайриқонунии пойафзоли варзишӣ бо тамғаи  ширкати машҳури “Ессо” (“Экко”) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида буд.

Чанд сол пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки беш аз 100 нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия аз ҳисоби тиҷорати муваффақи худ бо ҳисоби доллар миллионер шудаанд.

Вале ба фарқ аз зодагони Ӯзбекистон, ки дастикам се зодаи ин кишвар (Алишер Усмонов ва Искандар Маҳмудов дар Русия ва Фаттоҳ Шодиев дар Қазоқистон) миллиардер шудаанд, ҳанӯз аз миёни муҳоҷирони тоҷик нафароне бо сарвати миллиардӣ барнахестааст.

Дар аксҳои зер – Савралӣ Қаландаров. Аксҳо аз саҳифаи соҳибкор дар “Одноклассники”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button