ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

КАСЕ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА НАМЕШАВАД! КАФОЛАТИ ХАТТИИ МАҚОМОТ БА ЭЪТИРОЗГАРОНИ ХОРУҒ

Сомонаи Pomere.info, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, матни “Санад оид ба муътадил гардонидани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ”-ро нашр кард. Ин санадро рӯзи 28 ноябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва сардори раёсати корҳои дохилии ин вилоят дар пайи 10 соати музокирот бо аъзои “коммиссияи 44”, ки майдоннишинон интихоб кардаанд, имзо кардаанд. Дар ин санад, ки дар зери он муҳри  раиси ВМКБ ва РВКД ин вилоят зада шудааст,  мақомоти Бадахшон  ба иштирокчиёни эътирозҳое, ки дар маркази Хоруғ, дар рӯбарӯи бинои ҳукумати вилоят 4 рӯз: аз 25 то 28 ноябр давом кард, кафолат додаанд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Матни пурраи ин санад чунин аст:

Санад

оид ба муътадил гардонидани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ

 25.11.2021 дар натиҷаи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, сокини ноҳияи Роштқалъа ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ гардиданд.

Бинобар ин сабаб, бархе аз сокинони ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ аз ҳиссиёти ҳаяҷони сахти рӯҳӣ ногаҳон ба майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ барои фаҳмидани ин қазия ҷамъ омада, то рӯзи 28.11.2021 талабҳои гуногун ба ҳукумати ВМКБ пешниҳод намуданд.

Ҳаноми бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳрвандони ҷамъомада аз эҳсоси он ки гирдиҳамоӣ ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад, аз миёни онҳо гуруҳи корӣ ташкил намуда, барои ҳамкорӣ ба сохторҳои давлатӣ пешниҳод карда шуда, дигарон ихтиёрӣ майдонро тарк менамоянд.

Дар рафти гуфтугузори мазкур, тарафҳо ба маслиҳате омаданд, ки ҳамаи ашхосе, ки дар гирдиҳамоии дар боло зикршуда иштирок намуданд, барои иштироки ғайриқонунӣ дар гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 зери таъқиби маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button