ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ГАРАВГОНГИРӢ АЗ ДУ ТАРАФ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Рӯзи 1 декабр дар марзи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо ҷамоати Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ду ҳодисаи гаравгонгирӣ рӯй додааст.  Бино ба хабарҳо, аз тарафи Тоҷикистон сокини деҳаи Дахмаи Қирғизистон Ж.Айдаровро боздошт кардаанд ва дар посух сокинони Дахма муаллими мактаби №64 маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ Камолиддин Собировро гаравгон гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки ҳардуи онҳо дар боздошт латтукӯбу шиканҷа шудаанд. Ҳам Айдаров ва ҳам Собировро шоми 1 декабр аз боздошт раҳо кардаанд.

Камолиддин Собиров, ба гуфтаи сокинони Сомониён, вақте дар наздикии мактаб аз ҷониби сокинони он тарафи марз дастгир карда шуд, ки равуои хонандагони мактабро, ки дар наздикии марз ҷойгир шудааст, назорат мекард.

Набихон Набиев, мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз муаллим хоҳиш карда будам, ки рафтуомади бачаҳоро назорат кунанд. Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи қирғизнишин ӯро ба мошин бор карда, бурдаанд. Бегоҳӣ бо дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот раҳо карданд.”

Нишонбой Собиров, писари Камолиддин Собиров, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, “падарамро хеле азоб додаанд ва ҳоло ӯ дар беморхона бистарӣ аст.”

Ж.Айдаров баъди раҳоияш ба журналистони қирғиз гуфтааст,  рӯзи 1 декабр, вақте боздошт шуд, ки ба суроғи як гови мехашро канда аз хона баромада, ба тарафи марзи Тоҷикистон рафт. Ӯ мегӯяд, ки вайро писари ҳамсояи тоҷикаш дастгир кард. Айдаров гуфтааст, ки ӯро ба таҳхонаи мактаби маҳаллаи Сомониён бурда, шиканҷа доданд, вале баъдан милисаҳои тоҷик вайро аз он ҷо берун оварда, об додаанд, ки сару рӯяшро бишӯяд ва бо ин насиҳат, ки марди солхӯрда аст ва коре накунад, ки боз муноқиша шавад, ҷавоб додаанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи он муноқишаи хунини охири моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва ҳатто интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button