ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР ВОДИИ РАШТ: МАРКАЗАШ ИН ДАФЪА ДАР САНГВОР

Субҳи 2 декабр, соати 05:06 ба вақти маҳаллӣ боз як заминларза водии Раштро дар шарқи Тоҷикистон такон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки маркази заминларза дар 120-километрии шимолушарқи пойтахт, шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, 3 балл ва дар маркази ноҳияи Сангвор 3 баллро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ё хисорот ба қайд гирифта нашудааст, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки маркази заминларзаи ахир дар 32-километрии шимолушарқи Дарбанд ҷойгир шуда,  замин дар умқи 10 км ларзидааст. Ин марказҳои зилзиланигорӣ шиддати заминларзаи ахирро дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер,  4,3 балл баровард кардаанд, ки аз ҳисоби зилзиланигорони маҳаллӣ фарқ мекунад.

Дар ду рӯзи охир ин бори дуюм аст, ки дар Тоҷикистон замин такон мехӯрад. Субҳи 1 декабр боз ҳам дар водии Рашт заминларзае рух дод, ки шиддаташ дар маркази ин офати табиӣ дар 44-километрии шарқи шаҳраки Ғарм 4 баллро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар 24 соати охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза, дар як ҳафтаи охир 5 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 13 чунин заминларза ва дар як соли охир 191 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли ҷорӣ бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button