ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР ВОДИИ РАШТ

Субҳи 1 декабри соли 2021, соати 08:46 ба вақти Тоҷикистон дар қаламрави ин ҷумҳурӣ боз як заминларза рӯй додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки маркази заминларза дар 120-километрии шимолушарқи пойтахт, шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, 4 балл ва дар водии Рашт 3 баллро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ё хисорот ба қайд гирифта нашудааст, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки маркази заминларзаи ахир дар 32-километрии шимолушарқи Дарбанд ҷойгир шуда, замин дар умқи 10 км ларзидааст. Ин марказҳои зилзиланигорӣ шиддати заминларзаи ахирро дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, 4,5 балл баровард кардаанд.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар 24 соати охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза, дар як ҳафтаи охир 4 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 13 чунин заминларза ва дар як соли охир 191 заминларзаро сабт кардаанд.
Ёдовар мешавем, 10 июли соли ҷорӣ бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.
Як ҳафта қабл, субҳи 24 ноябр, соати 07:34 низ як заминларзаи чорбаллӣ Тоҷикистонро таккон дода буд. Маркази он заминларза дар 83-километрии шимолушарқи пойтахт, шаҳри Душанбе дар минтақаи Обигарм ҷойгир шуда буд.