ВидеоНуқтаи назарҶомеа

ВИДЕОИ “ГАППАРТОӢ”-И ДУ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯИ ПАНҶАКЕНТ

Як зан аз Панҷакент дар як видеои кӯтоҳ ду корманди милитсияи ин минтақаро ба гаппартоӣ ба духтарони ноболиғ айбдор кардааст.

“Ана ин милитсияи Панҷакенти мо. Ана ҳамин хел гап мепартоянд ба духтарон, ба болои ин, ба духтарони ноболиғ.  Илтимос мекунам аз ҳама, ки агар ҳамин хел одамонро ёбед, видеоҳояшонро партоед”, – мегӯяд дар ин видео наворбардор, ки чеҳрааш наменамояд, вале аз садояш бармеояд, ки як зани ҷавон аст.

Наворбардор талош мекунад, ки симои кормандони милисаҳоро ҳам ба навор бигирад. Вале дар ҳоле ки якеи онҳо, ки дар тан либоси милисагӣ дорад,  ба кори худ: манъ кардани мошинҳои раҳгузар идома диҳад, дуюмӣ, ки дар тан зоҳиран либоси мулкӣ дошт, барои онки дар дурбини камераи телефони он зан наафтад, худро дар пушти дарахт пинҳон мекунад.

“Баъд ана ҳамин хел дар пушти дарахт руст мешаванд”, – мегӯяд наворбардор бо киноя баъди онки аз дурбини камерааш фирор кардани корманди милисаро сабт мекунад.

Кай сабт шудани ин видео рӯшан нест, вале кормандони милиса, тавре дар сабт дида мешавад, дар тан либоси гарм доранд ва ҳавои атроф низ тирамоҳӣ ба назар мерасад.

Мақомоти ВКД Тоҷикистон ва ШВКД шаҳри Панҷакент то кунун ба ин видео вокуниш накардаанд. Дар гузашта роҳбарони ВКД  чандин корманди милисаро дар асоси шикояти сокинон барои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандон ҷазо дода, бархеро ҳатто аз саффи милитсия ронда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button