ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

МОДАРИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ: МЕХОҲАМ ПРЕЗИДЕНТ БА ДОДАМ БИРАСАД!

Певистамо Абдулмуминова, модари  Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-солае, ки марги ӯ боиси эътирозҳои чоррӯза дар Бадахшон шуд, рӯзи 1 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунад. Певистамо Абдулмуминова гуфт, мақомоти Бадахшон арзашро нашуниданд ва ӯ акнун мехоҳад, додашро ба президент расонад.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25 ноябр дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомот дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа кушта шуд. Бино ба фарзияи мақомот, Зиёбеков моҳи феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусалом Абирзодаро гаравгон гирифта буд ва бо иттиҳоми гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Додситонии Бадахшон гуфт, ки Зиёбеков гӯё ҳангоми боздошт  муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва дар натиҷаи тири ҷавобӣ захмӣ шуд.

Вале  Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбуддин Зиёбеков мегӯяд, писараш силоҳ надошт: Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.

Певистамоҳ Абдулмуминова ҳамчунин гуфтааст, баъди он ҳодисаи гӯё гаравгонгирии корманди прокуратура  касе аз мақомот писарашро суроғ накардаааст ва “ҳатто барои бозпурсӣ ба ӯ даъватнома нафиристода буд”.

Сокинони Тавдем низ мегӯянд, ки Гулбиддин Зиёбековро ҳамон рӯзи 25 ноябр дар назди мағозаи деҳаи дастгир карданд ва ӯ бо худ силоҳ надошт. Бо ин вуҷуд, мегӯянд сокинон, кормандони мақомоти вижа Гулбиддин ва чанд сокини дигари Тавдемро аз силоҳ захмӣ карданд ва ду нафари онҳо: Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев баъдан ба ҳалокат расиданд.

Қазияи гаравгонгириро низ сокинони Тавдем ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Онҳо мегӯянд, як духтари маҳаллӣ аз вайро таъқиб кардани ёвари додситон ба дод омада, аз ҳамдеҳагонаш ҳимоят хостааст ва бачаҳои Тавдем, ки як лидери ғайрирасмиашон Гулбиддин буд,  бо Абирзода “суҳбат” кардаанд, то ба духтарони маҳаллӣ чаққа нашавад. Дар он шабу рӯз дар Интернет видеое ҳам нашр шуда буд, ки Абирзода аз мардуми Бадахшон барои он рафтораш узр мепурсад.

Ин ҷанҷол дар ҳамон аввали соли 2020 бо миёнаравии раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ҳал шуд ва Абирзодаро ба ҷои дигар ба кор гузаронданд. Вале прокуратураи вилоят баъди аз кор рафтани Ёдгор Файзов ин парвандаро аз сар гирифт ва кор ба ҷое кашид, ки Гулбиддин Зиёбеков ва як сокини дигари Тавдем кушта шуданд ва Бадахшон шоҳиди мавҷи нави эътирозҳое шуд, ки 4 рӯз давом карда, шоми 28 ноябр, дар пайи 10 соати музокироти мақомот ва эътирозгарон ба анҷом расид. Як тавофуқи асосии дар ин музокирот бадастомада пиромуни таҳқиқи муштараки қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков буд, ки мақомоти тафтишотӣ бояд зери назари намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ анҷом диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Барои ман якчиз хеле ачоиб аст чаро тар ахбори ТЧ хабархои дуруг мегуянд,ки вазьияти Хоруг ором?хукумат берахмона бародари моро кушт😭😭 бо вакти митинг гуфтанд ки вазьтяти шахри Хоруг ором аст,ин оромия факат коркунхои хукумат ва дигар коркунхо давлати мебинанд ва дигар шахрвандони рузи хуш надоранд дар шахри Хоруг.Хамон видеохои ки мардоми Бадахшон ба Ворух равон шуданд магар Гулбиддин Зиёбековро хамон вакт надиданд ,тем более Вай дар баробари Ёдгор Файзов истода буд,магар надиданд ягон кас коркуни КГБ Гулбиддинро тар шахри Хоруг?Барои чи берахмона рафта кишлоки вай ва вахшиёна вайро ба катл расонданд?Ку биёред дар кадом кисми конституция ЧТ гуфта шудааст:шахрванди ЧТ бояд аз тарафи коркунони КГБ ё ки хукумат кушта шавад?Хар чанде ки шахрванди ЧТ конунвайронкуни ё ки дигар корхоро кунад вайро куштанд мумкен нест,вайро ба чавобгари кашидан даркор аст суд карданашон даркор конуни хакиката фахмидан даркор аст пеш аз хама на вахшиёна куштан!Магар Точикистон давлати ,,Демократи”нест?ин чихели демократия одамхои шахри Хоруг озодона телефонкати гап задан наметавонанд аз руи КГБ,ки вайхо хамаша гуш мекунанд ва бе ягончиз одама чарима мекунанд аз 4 азор сомони боло, лекин маоши мардоми шахри Хоруг аз хама баландтар маош 1500 сомони!Аккаи моро куштанд бо 10 Гулбиддини дигар мебиёянд Бадахшонда Иншоллох🤲,чунки Бадахшон чойи мардони баномус буд,хаст,мемонанд!Бархои мардом Бадахшон номус аз хама пештар👍

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button