ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ДУ ЗАН ДАР ЁҚУТИСТОН БАРОИ ТАШКИЛИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКӢ БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Додгоҳ Ж. ва З., ду ҷавонзани 27- ва 30-солаи сокини улусҳо, яъне ноҳияҳои Абий ва Кобяй  шаҳри Якутск, пойтахти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) –и Русияро дар ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия гунаҳкор шинохта, ҳардуро шартан ба се соли зиндон маҳкум кард.  Додгоҳ Ж. ва З.-ро ҳамчунин ба маблағи 180 ҳазор ва 200 ҳазор рубл ҷарима баст.

Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ Ёқутистон гуфт, “тафтишот ва додгоҳ муайян кард, ки ин ду зан дар ҳайхати гуруҳ бар асоси маслиҳати пешакӣ дар ивази пул никоҳҳои қалбакӣ бо шаҳрвандони хориҷиро ташкил мекарданд”.

Бино ба фарзияи тафтишот, аз хидмати ин ду ҷавонзани сокини Якутск асосан шаҳрвандони тоҷике, ки дар Якутск ва Нижний Бестях зиндагӣ мекарданд, истифода бурда, бар асоси никоҳҳои қалбакии ташкилкардаи онҳо бидуни квота иҷозати иқомати муваққат (РВП, разрешение на временное проживание)  ба даст меоварданд ва ба ин тартиб, аз масъулияти пардохти пули патент озод мешуданд.

Бар асоси фарзияи тафтишот, ин ду ҷавонзан “ аз байни занону духтарони маҳаллӣ “арӯс” пайдо карда, онҳоро моил мекарданд, ки дар ивази пул бо муҳоҷирони тоҷик никоҳ кунанд. Онҳо ба домоду арӯсҳои қалбакӣ тарзи рафтор дар идораи ЗАГСро мефаҳмондаанд, то ки қалбакӣ будани издивоҷи онҳо ошкор нашавад. Баъди буд шудани кори “домод” ин никоҳҳои қалбакӣ бекор карда мешуд ва дар пайи гирифтани “талоқ”  ин ду ҷавонзан дар ҷустуҷӯи “шавҳар”-и нав  барои “арӯс” –ҳои пайдокардаашон мешуданд.

Ҳукми ин ду ҷавонзан ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Назари худи онҳо ва ҳамчунин муҳоҷироне, ки баъди ин ҳаққи иқоматашон дар Русия бекор карда мешавад, дастрас нест.

Танҳо дар нимаи аввали соли 2021 беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Бархе шаҳрвандони тоҷик барои соҳиби шаҳрвандӣ шудан аз роҳҳои аз лиҳози қонунӣ номақбуле, чун никоҳҳои қалбакӣ низ истифода мебаранд. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, шаҳрвандоне ки никоҳи қалбакӣ кардаанд, аз ҳаққи иқомат ва ҳатто аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардида, аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button