ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАРРО САХТ ПӮШИД… МУҶОЗОТИ БОЗ ЯК РОНАНДАИ АВТОБУС БАРОИ ДАҒАЛӢ

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 декабри марказҳои матбуоти ВКД Тоҷикистон ва РВКД Душанбе

Як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиат дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомот хост, то нисбат ба ронандаи автобуси хатсайри №8, рақамҳои қайди давлатиаш 82 21 ТТ 05, чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронандаи автобус бар хилофи талаботҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ амал намуда, бар замми ба таври нақдӣ гирифтани роҳкиро ҳамзамон дари мошинро  саросемавор пӯшидааст, ки боиси озори ҷисмонии фарзанди ноболиғи муроҷиаткунанда гардидааст. Инчунин ронандаи автобус нисбат ба зани муроҷиаткунанда бар хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст.
 Мақомоти милитсияи Душанбе шахсияти ин ронандаро муайян карданд.

“Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ғаффоров Акмал Убайдуллоевич, санаи таваллудаш 05.12.1994, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, ронандаи ККВД «Автобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.   Вобаста ба ин нисбати Ғаффоров Акмал тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Душанбе.

хххххххххххххххххх

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 6-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 10.00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хуавей Ю-6” ва 1-адад корти “Ориёнбонк”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 320-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

хххххххххххххххх

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбат ба марди 59-солаи сокини шаҳри Бӯстон бар асоси моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ  оғоз кардаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, ин мард ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

хххххххххххххххххх

Як иштирокчии озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», ки РВКД Душанбе эълон кардааст, акси лащзаи қоидавайронкунии автомашинаи тамғаи «Ҳундай», рақами давлатиаш 70 00 ZG 01-ро, ки дар давродаври роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи 82 муқобили самт ҳаракат мекард, фиристодааст.

Мақомоти милитсия  зимни баррасӣ муайян карданд, ки  ронанда Азизов Ҷамшед Тӯраевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров будааст. Нисбат баӯ ба далели вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар асоси моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ӯро огоҳӣ додаанд, ки минбаъд чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ содир накунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button