ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БА ТОҶИКИСТОН БОЗ ҚАРИБ 700 ҲАЗОР ВОЯИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ОВАРДАНД

Шоми 30 ноябр ба Тоҷикистон бо мақсади фарогирии сокинон ба ваксинатсия  аз бемории коронавирус боз 698 ҳазору 500 воя ваксинаи «АстраЗенека» оварда шуд. Аз кадом кишвар ё созмон расидани ин миқдор ваксина гуфта нашудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар умум то 1 декабр ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  5 намуд ваксина дар ҳаҷми 6 миллиону 137 ҳазору 700 воя ворид карда шудааст. Тоҷикистон ин ҳама ваксинаҳоро тавассути барномаи КОВАХ, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст, ба сурати ройгон ба даст овардааст.

Ваксинатсия аз коронавирус дар Тоҷикистон барои тамоми сокинони калонсоли синнашон аз 18 боло ҳатмӣ буда, бино ба ҳисоботи расмии вазорати тандурустӣ, аз 5,8 миллион нафар аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то 30 ноябр 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар, яъне 51,8%, ҳадди ақал як ваксина бар зидди ин бемории сироятиро гирифтаанд.  2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар, ё 44,5% аҳолии калонсоли кишвар бошад ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинатсия як роҳи аз ҳама муассири пешгирӣ аз коронавирус меноманд ва аҳолиро ташвиқ мекунанд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос ва боварҳои хурофотӣ дода нашуда, ҳатман ваксина бигиранд.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи сентябр ба ин тараф ҳамагӣ  5 мавриди нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирусро расман эътироф кардаанд. Вале табибон ва сокинон мегӯянд, дар асл шумораи беморон хеле бештар аз арқоми расмии вазорати тандурустист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button