ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВИДЕОИ ТО ҲОЛ НАШРНАШУДА АЗ ХОРУҒ: ЛАҲЗАИ БА МАЙДОН БА ПЕШИ ЭЪТИРОЗГАРОН БАРОМАДАНИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ЗЕРИ НИДОҲОИ “ИСТЕЪФО!”

Бо каме боз шудани имкони тамос бо Хоруғ, аз маркази маъмурии Бадахшон ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” билохира видеои лаҳзаи ба майдон ба назди эътирозгарон баромадани раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонаботро фиристоданд. Раиси вилоят  рӯзи 27 ноябр,  тахминан соатҳои 14, танҳо дар рӯзи сеюми эътирозҳо пеши мардум баромад. То он дам ӯ аз суҳбати мустақим бо мардум дар майдон сарпечӣ мекард.

Дар видео дида мешавад, ки вақте Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш ба майдони Исмоили Сомонӣ рафта, ба минбар мебароянд, издиҳом ӯро бо нидоҳои “Истеъфо!” истиқбол мегирад. Садои “Истеъфо!” дар майдон чунон баланд буд, ки дар зери он суханронии раиси вилоят шунида намешавад.

Тавре ёд доред, ин суханронии Алишер Мирзонабот бо тирпарронӣ анҷомид. Раиси вилоят дар суханрониаш ваъда дод, ки мақомот парвандаи марги Гулбиддин Зиёбековро таҳқиқ мекунанд. Вале ӯ аз мардум талаб кард, ки майдонро холӣ кунанд.

Дар посух  аз байни издиҳом бо овози боз ҳам баландтар истеъфои раиси вилоятро талаб карданд ва касе ба тарафи Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш санг партофт. Додситони вилоят баъдан гуфт, ки гӯё бар асари ин ҳамла вакили парлумон Азиз Гиёзода осеби ҷиддӣ бардоштааст.

Ба дунбол аз дохили бинои ҳукумати вилоят тир холӣ карданд ва ҳарчанд додситон гуфт, ки тирҳо огоҳкунанда ва ба сӯи ҳаво буд, эътирозгарон гуфтанд, ки 4 нафар захмӣ шуд.

Вале рӯзи 28 ноябр, вақте эътирозгарон талаби холӣ кардани майдонро иҷро накарданд ва нақшаи ба зӯрӣ пеш кардани онҳо ҳам нагузашт, мақомот бо як комиссияи иборат аз 44 намояндаи эътирозгарон пушти мизи музокирот нишастанд ва баъди 10 соати музокирот шоми 28 ноябр, соати 20 эътирозгарон майдонро холӣ карданд.

Гуфта мешуд, ки мақомот розӣ шудаанд, ки як қисми посгоҳҳоро аз Хоруғ бардошта, марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоевро бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба таври муштарак таҳқиқ кунанд.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки эътирозгаронро барои иштирокашон дар тазоҳуроте, ки дар Хоруғ аз 25 то 28 ноябр давом кард, таъқиб накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button