ВидеоФарҳанг

РУСИЯ БАРОИ СОХТАНИ 5 МАКТАБИ РУСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲУДУДИ 150 МЛН $ ҶУДО КАРДААСТ

Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук, ки дар раъси як ҳайъати ҳукумати кишвараш бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 30 ноябр дар маҳаллаи Зарафшони пойтахти Тоҷикистон зимни боздид аз маҳалли сохтмони яке аз 5 мактаби русие, ки хароҷоти сохтани онҳоро ҳукумати Русия бар уҳда гирифтааст, ба журналистон гуфт, ки Маскав барои ин тарҳ ҳудуди 150 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС хабар дод.

“(Аз ҷониби ҳукумати Русия) барои сохтану муҷаҳҳаз гардондани ҳамаи ин 5 мактаб дар Тоҷикистон  ҳудуди  145-150 миллион доллар ҷудо карда шудааст “, – гуфт Оверчук.

Ӯ афзуд, ки дар мактабҳои нав асосан омӯзгорон аз Русия дарс хоҳанд дод ва барномаи таълимиро барои шароити Тоҷикистон мувофиқ хоҳанд гардонд. “Албатта, муаллимони маҳаллӣ ҳам мешаванд, вале чизи асосӣ он аст, ки дар ин мактабҳо маълумоти босифат ироа мешавад”, – таъкид кардааст муовини сарвазири Русия.

Гуфта мешавад, барномаи таълимии мувофиқ ба шароити Тоҷикистонро барои мактабҳои русӣ мутахассисон аз Донишгоҳи Олтой таҳия мекунанд, вале ин барномаи таълимӣ бояд бо вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

Рӯзи 30 ноябр дар Душанбе вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини аввали вазири маорифи Русия Александр Бугаев қарордод дар мавриди ташкили фаъолияти омӯзгорони Русия дар Тоҷикистонро имзо карданд. Бино ба иттилои хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон”, Имомзода дар пайи маросими имзои қарордод лоиҳаи бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро бузургтарин тарҳи хориҷии Русия номид ва гуфт, “мо бесаброна мунтазири рӯзе ҳастем, ки ин мактабҳо бунёд шуда, кӯдакон ба онҳо барои таҳсил хоҳанд рафт.”

Моҳи апрели соли 2019 байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон Созишнома дар бораи бунёд ва аз лиҳози моддиву фаннӣ муҷаҳҳаз гардондани 5 муассисаи таълимӣ ба забони русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода – ба имзо расид. Ҳар кадоми ин мактабҳо барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда, интизор меравад, ки ҳамаи онҳо то 1 сентябри соли 2022 аз ҷониби Русия сохта ва ба истифода дода шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button