ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ 56-СОЛА БО АЙБИ РОНАНДАИ ТАКСИИ “ОЛУЧА”

 Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай Аксент», рақами қайди давлатиаш 94 96 ТТ05 Ҳакимов Фаридун Хурсандмуродович, соли таваллудаш 27.12.1995, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодирович, соли таваллудаш 1965-ро, ки тавассути роҳи пиёдагузар аз қисмати рости роҳ ба тарафи чап мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди 56-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Назари худи ронанда дар бораи сабабҳои садама дастрас нест.

Айни ҳол, нисбат ба ронанда Ҳакимов Фаридун бар асоси талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки сабаби марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ронанда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Чорабиниҳои тафтишотӣ дар чорчӯби таҳқиқи ин қазия идома дорад. Ба Фаридун Ҳакимов бар асоси қисми дуюми моддаи 212 ҳамчун ҷазо аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамзамон, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 29 ноябр, тахминан соати 13-20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Сироҷзода Зокир Абдулзоир, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Бутаева Ҳангома Маҳмадсолиевна, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Сарбандро пахш намудааст.
Дар натиҷа, духтарчаи панҷсола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Фаридун Ҳакимов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button