ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР САНГВОР ЯК ЗАН МОДАРИ ӮГАЯШРО БА ДАРЁИ ХИНГОБ ТЕЛА ДОДА, ҒАРҚ КАРДААСТ

Як зани 29-солаи сокини ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 ноябр, соати 15, модарандари 43-солаашро бо фиреб ба соҳили дарёи Хингоб бурда, ба об тела додааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ба духтарандар акнун бар асоси қисми якуми моддаи 104 барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххх

Як духтари 18-солаи сокини шаҳри Норак ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 28 ноябр аз хонаи як зан дар Норак 2 320 сомонӣ, 1 ангуштари тиллоӣ ва 1 телефони “Айфон-8”-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 30 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 29-сола бо ҷурми одамкушӣ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини ноҳияи Сангвор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Бино ба гузориши ВКД, ин зан рӯзи 26-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15.00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандараш зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи “Хингоб” бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба духтарандар акнун барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Танҳо дар моҳи ноябр ВКД дар бораи 6 чунин ҷинояти сангин хабар дод. Дар 3 маврид шавҳарон қасди ҷони завҷаҳояшонро карда, дар як маврид баракс як зан шавҳарашро бо табар кушт. Дар як мавриди дигар келини хонавода хушдоманашро бо зарбаи корд ба ҳалокат расонд ва дар ин мавриди ахир, духтарандар модари ӯгаяшро ба дарё тела дода, бо як бераҳмии хос аз ҳаёт маҳрум кард.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза зани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки санаи 28-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 09:40 дақиқа, ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Норак бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 2 ҳазору 320 сомонӣ, 1 адад ангуштарини тиллоӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-8”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 420-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button