ВидеоИқтисодКоррупсия

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК РАИСИ ҶАМОАТ БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи Саъдулло Ҳасанзода, раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвонро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ, барои баррасӣ ба додгоҳ супурдаанд. Ҳасанзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 338, иловаи 1, қисми 2, банди “в” ба ғайриқонунӣ додани қитъаи замин бо сӯиистифода аз мансаб ва моддаи 247, қисми 4, банди “б” ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, “Ҳасанзода Саъдулло Ҳасан, дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон кор ва фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0.029 га дар маҷмуъ 26 000 сомонӣ талаб намуда, гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.

Ба раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Норин барои қаллобӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда =60 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5 доллар) ва ё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба Саъдулло Ҳасанзода ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода моҳи июл  дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Ориф Хоҷазода дар ҳафтаи ҷорӣ дар як ҷаласа дар Душанбе гуфт, дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Зафар, Чоряккорон дара, Ҳуснобод, Меҳробод, Армуғон ва Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаҳои Бакавул, Девдара, Дашти хорзо, Гулбоғ, Шодоби ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб, маҳаллаҳои Лучоби ноҳияи Сино, Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, маҳалаи боғи Ғалабаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button