ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

АЛОҚАИ МОБИЛ ВА ИНТЕРНЕТ ДАР БАДАХШОН ТО ҲОЛ БАРҚАРОР НАШУДААСТ

Тибқи тавофуқи бадастомада дар музокироти рӯзи 28 ноябр бо намояндагони эътирозгарон мебоист соати даҳи субҳи 30 ноябр ба вақти Тоҷикистон, алоқаи мобил ва Интернет дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он барқарор карда мешуд. Аммо  шумори зиёди зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки  дар берун аз вилоят қарор доранд, мегӯянд, алоқаи мобил ва Интернет бо Хоруғ то ҳол барқарор карда нашудааст ва онҳо наметавонанд ба наздикони худ занг зада, аз аҳволашон бохабар шаванд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ҳоло ҳам, тавре ки дар рӯзҳои эътирозҳои Хоруғ, дар маркази маъмурии ВМКБ,  дар Хоруғ ва атрофи он танҳо онҳое, ки симкортҳои “афғонӣ”, яъне аз ширкатҳои мобили Афғонистони ҳамсояро доранд, ба алоқаи мобил ва Интернет дастрасӣ доранд. Дар рӯзҳои нооромиҳо хабарҳо ва аксу видеоҳо аз Хоруғ ба берун низ асосан тавассути ҳамин симкортҳои “афғонӣ” фиристода мешуд.

Дар ҳамин ҳол, як узви “комиссияи 44”, ниҳоде иборат аз 44 нафар, ки эътирозгарон барои музокирот бо мақомот ва назорати иҷрои талабҳояшон интихоб карданд, дар суҳбати телефонӣ бо сомонаи pomere.info гуфтааст, ки ин комиссия алакай макони ситоди худро муайян карда, аъзояш ба чанд гуруҳи корӣ тақсим шудаанд, ки бояд асосан 3 масъаларо пайгирӣ кунанд:

  1. Барқарор кардани алоқаи мобил ва Интернет дар Бадахшон.
  2. Шурӯи таҳқиқи муштараки қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков.
  3. Нишон додан, ки дигар зарурате барои идомаи ҳифзи блокпостҳои соли 2018 ташкилшуда боқӣ намондааст.

Ду узви “комиссияи 44” ба pomere.info гуфтаанд, ки агар мақомот талабҳои онҳоро иҷро накунанд ё ваъдахилофӣ кунанд, мардум боз ба майдонҳо бархоҳанд гашт.

Ба иттилои ин сомона, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, ба ҳайъати “коммисияи 44” аз ҷумла нафарони шинохтае, чун Музаффар Муборакшоев, собиқ довталаби иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон Фаромӯз Иргашев, раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир Манучеҳр Холиқназаров, ҳамчунин фаъолон Хурсанд Мамадшоев ва Бахтоваршо Бахтиёров шомил шудаанд.

Рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нирӯҳои қудратӣ эътирозҳое сар зад, ки то шоми 28 ноябр 4 рӯз давом кард. Мардум ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев, аз байн бардоштани блокпостҳо ва ҳам  истеъфои раиси вилоятро талаб доштанд.

Шоми 28 ноябр дар пайи 10 соати музокироти намояндагони эътирозгарон бо мақомот аҳли майдон хона ба хона пароканда шуданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот чанд талаби эътирозгарон, аз ҷумл адар мавриди таҳқиқи сабабҳои куштани ду сокини Тавдемро пазируфта,  ҳамон рӯз чанд посгоҳро дар даруни шаҳри Хоруғ бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button