ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

СУХАНГӮИ РАИСИ БАДАХШОН: ГЕНЕРАЛ АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ ИСТЕЪФО НАДОДААСТ

Ғолиб Ниятбеко, сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон овозаҳо дар бораи истеъфои раиси ин вилоят генерал Алишер Мирзонаботро рад кард. Ӯ ба сомонаи Пресс.Тҷ гуфтааст, ки “раис дар ҷойи кор ҳастанд ва вазъи вилоят зери назорати бевоситаи эшон аст.”

Шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё президенти Тоҷикистон баробари баргаштанаш аз сафари Туркманистон Алишер Мирзонаботро аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ барканор ва ба ҷои ӯ генерали дигари зодаи Бадахшон Абдулло Навҷувоновро иҷрокунандаи ин вазифа таъйин кардааст. Навҷувонов низ ин шабу рӯз барои миёнаравӣ ба ҳалли буҳрони ахир дар Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ қарор дорад.

Ғолиб Ниятбеков гуфтааст, ки Алишер Мирзонабот дар маҳали кор буда, барои ба эътидол овардани вазъ дар Хоруғ талош мекунад. Ӯ рӯзи 29 октябр як ҷаласаи корӣ низ баргузор карда, дар он аз ҷумла вазъи рӯзҳои ахир дар Хоруғро баррасӣ кардаст.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси Бадахшон дар ин бобат гуфт:  “Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар суханронияш гуфт, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос набояд бовар кард. Махсусан, хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ба ҳамин гуна иғвоҳо ҷавоби сазовор дода, дар доираи қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба роҳ монда, бобати амалӣ намудани нақшаҳои фаъолият, ки ба созандагию бунёдкорӣ нигаронида шудаанд, саъю кӯшиш намоянд”.

Бино ба иттилои Ниятбеков, дар ҷаласаи рӯиз 29 ноябр ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла, омода намудани муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ба зимистони дарпешистода, захира намудани маводи ғизоӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва сӯзишворӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани техникаи роҳтозакунӣ дар роҳҳои вилоят, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор  баррасӣ шудаанд.

Алишер Мирзонабот 5 ноябри соли ҷорӣ ба ҷои Ёдгор Файзов и.в. раиси ВМКБ таъйин шуд.

Рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нирӯҳои қудратӣ эътирозҳое сар зад, ки то шоми 28 ноябр 4 рӯз давом кард. Мардум ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев, аз байн бардоштани блокпостҳо ва ҳам  истеъфои раиси вилоятро талаб доштанд.

Шоми 28 ноябр дар пайи 10 соати музокироти намояндагони эътирозгарон бо мақомот аҳли майдон хона ба хона пароканда шуданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот чанд талаби эътирозгарон, аз ҷумл адар мавриди таҳқиқи сабабҳои куштани ду сокини Тавдемро пазируфта,  алакай чанд посгоҳро дар даруни шаҳри Хоруғ бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button