ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

СИТОД: ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ХОРУҒ ПУРРА БА ЭЪТИДОЛ ОВАРДА ШУД

Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман хабар дод, ки эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ ба поён расиданд ва “масъалаҳои мавриди назар …дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.”

Матни пурраи иттилоияи ситод, ки хабаргузории давлатии “Ховар” соати қариб дуи шаб нашр кардааст, чунин аст:

“Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд.

Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.

Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд.

Фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад.

Нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.”

Дар ин иттилоия дар бораи натиҷаҳои музокироти мақомот бо намояндагони эътирозгарони Хоруғ чизе гуфта нашудааст. Ва аммо қаблан манобеи ғайрирасмӣ бархе натиҷаҳои бадастомада дар ҷараёни музокироти рӯзи 28 ноябрро ифшо карданд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот  аз ҷумла чанд талаби тазоҳургаронро пазируфтанд ва аз ҷумла ваъда додаанд, ки иштирокчиёни эътирозҳоро таъқиб нахоҳанд кард, посгоҳҳои изофиро дар Хоруғ аз байн мебардоранд ва алоқаи мобил ва Интернетро ҳам ба зудӣ барқарор хоҳанд кард. Сокинон мегӯянд, ду посгоҳ дар ду посгоҳ дар назди бемористони марказӣ ва як посгоҳи дигар дар назди бозорро, ки баъди шурӯъи эътирозҳо ташкил шуда буданд, алакай бардошта шудаанд. Вале 4 посгоҳ дар атрофи Хоруғ, ки аз соли 2018 боз амал мекунанд, ҳанӯз побарҷост. Эътирозгарон бардоштани он посгоҳҳоро ҳам талаб доранд.

Дар масъалаи асосӣ: куштори ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев, ки маҳзи марги онҳо сабаби мавҷи ахири эътирозҳо дар Бадахшон ва хориҷ аз он шуд, низ тавофуқ ба даст омадааст, ки мақомоти тафтишотӣ парвандаи марги онҳоро зери назорати намояндагони гуруҳи кории 44-нафарие, ки тазоҳургарон барои музокирот бо мақомот интихоб карданд, таҳқиқ хоҳанд кард.

Тайи 4 рӯзи эътирозҳои Бадахшон дар умум се сокини ин вилоят кушта ва дастикам 16 нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар рӯёрӯиҳо бо тазоҳургарон, ба гуфтаи мақомот, 5 корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакили парлумон Азиз Гиёзода ва раиси вилоят генерал Алишер Мирзонабот ҷароҳат бардоштанд.  Дуи охир рӯзи 27 ноябр, вақте захмӣ шуданд, ки раиси вилоят ба пеши тазоҳургарон баромада, аз онҳо талаб кард, ки майдонро тарк кунанд. Вале эътирозгарон бо садои боз ҳам баландтар истеъфои генерали тоза рӯзи 5 ноябр ба раҳбарии Бадахшон таъйиншударо талаб карданд ва нафарони номаълуме ба тарафи ӯву ҳамроҳонаш санг партофтанд.  Ба дунбол, аз тирезаҳои бинои ҳукумати вилоят мақомот тир кушоданд, ки бар асари он 4 каси дигар захмӣ шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button