
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштини дзюдо “Abu Dhabi Grand Slam” “Тоскӯлоҳи бузурги Абӯ Забӣ”) сазовори се медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ – гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки дар вазни то 90 кило паҳлавонони тоҷик соҳиби ду медал шуданд: Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро барои тими Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор шуд. Гуфтанист, Темур Раҳимов дар аввали моҳи ноябр дар мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузурги Боку” сазовори медали нуқра шуда буд.
Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал бар намояндаи Британияи Кабир Ҷамол Петгрев, дар чорякфинал бар паҳлавони амрикоӣ Ҷон Ҷайне дар нимфинал бар рақиби қирғизаш Эрлан Шеров пирӯз шуд, вале бозии ниҳоиро ба паҳлавони Русия Мансур Лорсанов бохт ва ба ин тартиб, ҷои дуюмро ишғол кард.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бар намояндаи Канада Муҳаб Ал-Наҳас ғолиб шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Давлат Бобонов, ки низ медали биринҷӣ гирифт, мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Франсиско Баланта аз Колумбия ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар Эрлан Шеров (Қирғизистон) дастболо шуд.

Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Шведсия Эмил Меттсонро шикаст дод, вале дар чорякфинал аз Евгений Балйевскийи украинӣ мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Мартти Пумалайнен аз Финландия ва дар рақобат барои ҷои сеюм бар Валерий Эндовитский аз Русия ғолиб омад.
Варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ҷои панҷумро гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм бар Яс Месилочек аз Словения дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз Ҳикматулло Тӯраеви ӯзбекистонӣ, ки дар анҷом дар ин вазн ҷои дуюмро гирифт, мағлуб гардид. Сомон сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Казбек Нагучевро аз Русия мағлуб намуда, дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Русия Армен Агаян шикаст хӯрд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти Абӯ Забӣ дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ низ қадрдонӣ шуданд. Ба барандагони ҷойҳои аввал 5000 доллар, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллар дода шуд.
Мусобиқот дар шаҳри Абӯ Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё аз 26 то 28 ноябр доир шуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар умум 10 варзишгар намояндагӣ карданд:
-60кг – Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-66кг – Алиҷон САФАРАЛИЕВ
-66кг – Баҳром СУФИЕВ
-73кг – Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
-73кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81кг – Ҳақназар НАЗАРОВ
-81кг – Хушвақт ИДИЕВ
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
+100кг – Темур РАҲИМОВ
Манбаъ: https://olympic.tj/news/?ELEMENT_ID=5311
Шоири тоҷик Аъзам Хуҷаста пирӯзии 3 паҳлавони тоҷикро бо як шеър чунин истиқбол кардааст:
Хушхабар омад, ки Комроншоҳи гурд,
Дар Абу Зобӣ нишони нуқра бурд.
Темури хушпайкари олинажод,
Бо “биринҷӣ” тоҷиконро карда шод.
Ҳам Ҷаҳонгир, он ҷавони покбоз,
Парчами моро расонда бар фароз,
Ифтихоре бар Ватан овардаанд,
Шодиҳо бар марду зан овардаанд.
Мо дуогӯем, Худо ёри шумо,
Дасти Ҳақ ҳар ҷо мададгори шумо.