
Филми кӯтоҳи “Сарбор” аз студияи “Симурғ Синема” (коргардонаш Манзаралӣ Шералӣ) дар ҷашнвораи байналмилалии “Листопад”, ки аз 20 то 26 ноябр дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус доир шуд, сазовори ҷоизаи “Коргардони беҳтарин” дар бахши “филмҳои ҷавонон” гардид. Ин алакай шашумин ҷоизаи ин филми Манзаралӣ Шералӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалист.
Дар бораи дар ҷашнвораи “Листопад” низ соҳиби ҷоиза шудани “Сарбор” Некрӯзи Ҷалилиён дар Фейсбук хабар дод. Ӯ навишт: “Не, шумо гӯед чӣ тавр ин хабарро ногуфтан мумкин аст? Филми кӯтоҳи “Сарбор” ин маротиба низ ҷоизаи олиро ба Тоҷикистон овард. Филм дар қатори се ҷоизаи “Беҳтарин филм“, як ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” ва як ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона“, акнун соҳиби ҷоизаи “Барои беҳтарин коргардонӣ” низ гардид. Филм дар синамобазми байналмилалии “Хазонрез” (Листопад) дар шаҳри Мински Беларус иштирок карда, ҷоизаи “Барои беҳтарин коргардонӣ” ва баҳои баланди доваронро сазовор гашт. Ин муваффақияти калон барои мо ва бахусус барои дӯстамон Манзари Шерали аст. Манзарҷон, муборак бошад!”
Дар номае, ки масъулони ҷашнвораи “Листопад” навиштаанд, аз ҷумла чунин омадааст: “Мо аз фаҳмидани ин ки фарҳанги ҳазорсолаи кишвари шумо гум нашуда ва аз байн нарафтааст, шод шудем. Ин фарҳанг ворисони худро дорад. Филми шумо дар бораи як инсони хурду назарногир, вале бо қалби софу бузург, далели ин гуфтаҳост. Осиёби Худованд оҳиста орд мекунад. Вале он ҳамеша орд мекунад. Сипос аз Шумо!”
Моҳи октябр филми кӯтоҳи “Сарбор” дар Синамобазми байналмилалии Тошканд “Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим” ҷоизаи “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард. Ин ҷоизаро ба коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ ҳунарпешаи шуҳратёри фаронсавӣ Жерар Депардйе супурд.
Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Абдукарим Машраб, фарзанди ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ибодуллоҳи Машраб дар ин ҷашнвора барои иҷрои нақши асосӣ дар ин филм сазовори ҷоиза барои “Беҳтарин нақши мардона” шуд. . Қаблан Саодат Сафарова низ барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Сарбор” дар Қазоқистон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардида буд.
Филми “Сарбор” дар бораи мардест, ки бо мошини кӯҳнаи “Волга” ба таксӣ машғул аст ва ӯро барои бурдани кӯч киро мекунанд. Мард ҳамроҳи кӯч занеро бо кӯдаки ширмакаш гирифта ба хонаи модари зан мебарад. Модари зан духтарашро қабул намекунад. Марди таксирон маҷбур мешавад зану кӯдакро боз ба хонаи шавҳараш биёрад…