Ҳодиса

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ХОРУҒ БА ОХИР РАСИД, МАРДУМ ХОНА БА ХОНА РАФТ

Эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаби 28 ба 29 ноябр ба анҷом расид ва мардуме, ки дар майдони Исмоили Сомонӣ дар рӯбарӯи бинои ҳукумати вилоят дар маркази шаҳри Хоруғ аз 25 ноябр чор рӯз боз тазоҳурот мекарданд, пароканда шудаанд.

 “Митинг дар Хоруғ тамом шуд. Мардум хона ба хона рафт! Дар бораи натиҷаҳояш пагоҳ хабар меёбем. Ба кишварамон сулҳу субот орзу мекунем!” –  чунин навишт шаби 28 ба 29 ноябр дар Фейсбук фаъоли шинохтаи зодаи Бадахшон Музаффар Имомдод.

Ва аммо манобеи дигар бархе натиҷаҳои бадастомада дар ҷараёни музокироти рӯзи 28 ноябр байни намояндагони мақомот ва эътирозгарони Хоруғро ифшо карданд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот чанд талаби тазоҳургаронро пазируфтанд ва аз ҷумла ваъда додаанд, ки иштирокчиёни эътирозҳоро таъқиб нахоҳанд кард, посгоҳҳои изофиро дар Хоруғ аз байн мебардоранд ва алоқаи мобил ва Интернетро ҳам ба зудӣ барқарор хоҳанд кард.

Дар масъалаи асосӣ: куштори ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев, ки маҳзи марги онҳо сабаби мавҷи ахири эътирозҳо дар Бадахшон ва хориҷ аз он шуд, низ тавофуқ ба даст омадааст, ки мақомоти тафтишотӣ парвандаи марги онҳоро зери назорати намояндагони гуруҳи кории 44-нафарие, ки тазоҳургарон барои музокирот бо мақомот интихоб карданд, таҳқиқ хоҳанд кард.

Тайи 4 рӯзи эътирозҳои Бадахшон дар умум се сокини ин вилоят кушта ва дастикам 16 нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар рӯёрӯиҳо бо тазоҳургарон, ба гуфтаи мақомот, 5 корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакили парлумон Азиз Гиёзода ва раиси вилоят генерал Алишер Мирзонабот ҷароҳат бардоштанд.  Дуи охир рӯзи 27 ноябр, вақте захмӣ шуданд, ки раиси вилоят ба пеши тазоҳургарон баромада, аз онҳо талаб кард, ки майдонро тарк кунанд. Вале эътирозгарон бо садои боз ҳам баландтар истеъфои генерали тоза рӯзи 5 ноябр ба раҳбарии Бадахшон таъйиншударо талаб карданд ва нафарони номаълуме ба тарафи ӯву ҳамроҳонаш санг партофтанд.  Ба дунбол, аз тирезаҳои бинои ҳукумати вилоят мақомот тир кушоданд, ки бар асари он 4 каси дигар захмӣ шуд.

Бархе манобеъ мегӯянд, ки гӯё Алишер Мирзонаботро баъди камтар аз як моҳи кор аз мақоми раиси вилояти Бадахшон барканор ва ба ҷои ӯ Абдулло Навҷувонов, як генерали дигари зодаи Бадахшонро, ки дар байни аҳолӣ обрӯву нуфузи хеле бештар дорад,  иҷрокунандаи вазифа таъйин кардаанд. Аммо ин хабар, ба мисли ҳама хабарҳои дигари марбут ба натиҷаҳои музокироти мақомот бо эътирозгарони Хоруғ то ҳол расман таъйиду тасдиқ нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Амин Ёдгор Файзро бисер тариф мекунед! Меги амин Едгорак пайгамбар аст .охир амин Гаравгони муовини прокуратураи нохияи Рошткала дар даврони Файзов буд ку амун давра аф кард мовини прокуратураро бахшид чазо надод а озир бошад ин кор бо з такрор шуд .Хатогии файзов буд ки имруз Алишер азоб кашидаистодаст

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button