ВидеоТоҷикистон

ХОҲАРЗОДАИ САРВАЗИР РАСУЛЗОДА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МАНСАБИ БАЛАНД ГИРИФТ

Маҳмуд Бобоев, хоҳарзодаи 40-солаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сардори раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст. Як манбаъ дар ин идора ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод, ки таъйини Бобоев ба ин мансаб бо пешниҳоди ҳукумати вилояти Суғд ва бо  фармони Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

“Рӯзи панҷшанбе, 25 ноябр бо иштироки масъулини кумита ҷаласа баргузор шуда, дар он Маҳмуд Бобоев ба унвони сардори раёсат муаррифӣ шуд”, – гуфтааст манбаи “Sputnik”.

Баъди раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин шудани Аъзам Ализода, вазифаи сардори раёсати вилоятии  Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Суғд тақрибан ду ҳафта боз холӣ монда буд.

Маҳмуд Бобоев то кунун мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (собиқ Пажуҳишгоҳи минтақавии боғдорӣ ва ангурпарварии ба номи И. Мичурин) дар вилояти Суғд буд.

Ёдовар мешавем, тоза рӯзи 17 ноябри соли ҷорӣ Зариф Назирӣ, бародарзодаи сарвазир Қоҳир Расулзода аз мақоми муовини раиси вилояти Суғд барканор ва ба ҷои Рустам Раҳматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин шуд. Зариф Назирӣ, ки 48 сол дорад ва қаблан раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам буд, аз моҳи ноябри соли 2020 дар мақоми муовини раиси вилояти Суғд кор мекард.

Қоҳир Расулзода (то соли 2007 Абдуқоҳир Назиров), ки 61 сол дорад аз моҳи ноябри соли 2013 сарвазири Тоҷикистон аст. Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ҷамоати Қистақӯз (ҳоло Хистеварз)и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, соли 1982 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси гидротехник хатм кардааст. Ӯ аз соли 2000 то 2006 вазири обу обёрии Тоҷикистон ва сипас то соли 2013 раиси вилояти Суғд буд.

Зариф Назирӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button