АфғонистонВидеоКоррупсия

АЗИЗИ ДОМСОЗ БАРОИ ҚОЧОҚИ НИМ ТОННА НАШЪА БА 30 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Азизулло Абдуллоев, маъруф ба Азизи Домсоз, раҳбари як ширкати хонасозӣ дар шаҳри Душанберо бо ҷурми даст доштан дар қочоқи ним тонна маводи мухаддир ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додгоҳи олӣ 5 тан аз шарикони Азизи Домсозро низ ба мӯҳлатҳои аз 19 то 28 сол равонаи зиндон кардааст. Аз ҷумла Тӯлаганов Азамат, Содиқов Сиёвуш, омӯзгор Бӯрон Самадов ба 28 сол, Мурод Хӯҷаев ба 25 сол ва Сарбоз Сабзқадамов ба 19 соли зиндон маҳкум шуданд. Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳукми ин гурӯҳ рӯзи 25 ноябр содир шуда, додгоҳ молу мулки Азизулло Абдуллоев, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ ва манзилҳои зисташро ба фоидаи давлат мусодира ва ӯро барои 10 сол аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум кардааст.

Зоиршо Давлатёров, адвокати маҳкумшудагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ҳукмеро содир кард, ки додситонӣ талаб карда буд. Гавҳар Саидова, хоҳари Азизи Домсоз гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, наздикони маҳкумшудаҳо ба мурофиа роҳ наёфтанд. “Ҳукм бераҳмона буд. Ҳатто тамоми молу мулкашро мусодира кардаанд. Барои 9 фарзандаш чизе нагузоштанд”,–гуфтааст Гавҳар Саидова.


Азизи Домсоз

Тафсилоти ҳукм ҳанӯз расман эълон нашудааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки ба зидди  аъзои гуруҳи Азизи Домсоз бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби гуруҳи муташаккил), 289, қисми 5 (қочоқ) ва 262 (қонунигардонии молумулки бо роҳи ҷиноят ба дастомада) – парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 14 октябр хабар дод, ки кормандонаш ахиран дар шудуди пойтахт фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллиро ошкор ва дар натиҷаи амалиёти вижа 6 узви ин мафияи нашъаҷаллоб, аз ҷумла роҳбарашро дастгир карданд. Яке аз наркобаронҳо ҳатто … муаллими мактаб будааст. Ба гуфтаи мақомот, аз ин афрод миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир, яъне наздики 500 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шудааст, ки дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон бесобиқа ва рекордӣ дониста мешавад. Ин миқдори мусодирашудаи маводи мухаддир дар бозори сиёҳ наздики 6 миллион доллар арзиш доштаст.

Милитсияи Душанбе гуфт, ин мафияи нашъаҷаллоб маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, аз ин ҷо то ба кишварҳои Аврупо қочоқ мекард. Танҳо молу мулки ҳабсшудаи раҳбари ин гуруҳ Азизулло Абдуллоев беш аз 18 миллион сомонӣ баровард шудааст.

Бино ба иттилои марказ матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллиро шаҳрванди Тоҷикистон   Абдуллоев Азизулло Файзуллоевич, санаи таваллудаш 10.12.1975, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон, соҳибкор, оиладор соҳиби 4 фарзанд, қаблан соли 2005 дар Русия бо моддаҳои 159 (қаллобӣ) ва 228 (муомилоти ғайриқонунии востаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноии Русия суд шудааст, таъсис дода, дар ҳайати он шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷиро муттаҳид сохта ва масири қочоқи воситаҳои нашъадорро то ба кишварҳои дури хориҷӣ расонидааст.

“Абдуллоев Азизулло воситаҳои нашъадорро дар ҳаҷми махсусан калон тавассути аъзои дигари ин гурӯҳ аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон ворид намуда, минбаъд тавассути кишварҳои ҳамсоя ба давлатҳои Аврупо интиқол медодааст”,  гуфта мешавад дар иттилоия.
Кормандони милитсияи Душанбе 6 узви дигари ин гуруҳи нашъаҷаллобро низ муайян ва дастгир кардаанд. Аз ҷумла:

– Содиқов Сиёвуш Мизробшоевич, санаи таваллудаш 06.03.1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Қазоқон, оиладор, донишҷӯи курси 2-юми Факултаи Информатикаи Донишгоҳи «МИСИС»;

Тулаганов Азамат Хушвақтович, санаи таваллудаш 27.05.1973, сокини вилояти Сурхондарё, шаҳри Тирмиз, қаблан дар Ӯзбекистон соли 2001 бо моддаҳои 148 қисми 2 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ) ва 273 қисми 5 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) Кодекси Ҷиноятии Ӯзбекистон ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст;

Сабзқадамов Сорбон Муборакқадамович, санаи таваллудаш 23.03.1977, зода ва сокини ноҳияи Ванҷ, ҷамоати деҳоти М.Абдулло, деҳаи Рохав, оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

Саидшарипов Шамсулло Нусратуллоевич, санаи таваллудаш 27.09.1984, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут. Номбурда аз соли 2019 инҷониб бо моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) ва 289 қисми 3 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт;

Саматов Бӯрон Алтибоевич, санаи таваллудаш 03.10.1964, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули-Бодом, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, таҳсилоташ олӣ, омӯзгори мактаби миёнаи №151 ноҳияи Рудакӣ;

Хӯҷаев Мурод Бӯронович, санаи таваллудаш 07.02.1986, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Гули-Бодом, оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бино ба иттилои милитсияи Душанбе, дар ҷараёни пешбурди корҳои оперативию тафтишотӣ аз ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб 6 адад автомашинаҳои гуногунтамға ва гаронарзиши хориҷӣ ба маблағи умумии 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ мусодира шудааст.
Махсусан аз худи роҳбари гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ Абдуллоев Азизулло молу мулки зиёд ба маблағи умумии 18-миллиону 330-ҳазор сомонӣ ҳамчун молу мулки бо роҳи ҷиноят ва аз ҳисоби фурӯши воситаҳои нашъадор бадастомада, ба ҳабси молумулкӣ гирифта шудаанд:
– 8-манзили истиқоматии боҳашамат ба маблағи умумии 15 миллиону 150 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла:
– 2 манзили баландошёнаи боҳашамат дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон, арзишаш 6 млн сомонӣ;
– 1 бӯстонсарои беруназшаҳрӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Кофарниҳон, 76, дар масоҳати 2,2 гектар бо арзиши 5 млн сомонӣ;
– 6 хонаи истиқоматии 3 ва 4 ҳуҷрагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо арзиши умумии 4 млн 150 ҳазор сомонӣ;
– 1 корхонаи истеҳсоли хишт дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, деҳаи Ҳазора дар масоҳати 6 гектар бо арзиши наздики 1 млн сомонӣ;
– таваққуфгоҳи мошинҳо дар масоҳати 20 сотих бо арзиши наздики 1-млн сомонӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button