ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

3 ҲАЗОРУ 136 САР ЧОРВОИ СОКИНИ ДУШАНБЕРО КӢ ХӮРД?

Як зани 27-солаи сокини Истаравшан  ба қаллобӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва 19 ҳазор доллар ва сокини 38-солаи  ба он гумонбар мешавад, ки беш аз 3 ҳазор сар чорвои майдаи як сокини пойтахтро обулой карда, ба ӯ ба маблағи 4 миллиону 704 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххххх

Марди 49-солаи сокини Кӯлоб рӯзи 28 ноябр ба пойи рости як сокини низ 49-солаи ҳамин шаҳр як зарбаи корд задааст. Як марди 27-сола  дар пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Темурмаликро аз ҳиссиёти авбошӣ 4 зарбаи корд задааст.

хххххххх

Шоми 27 ноябр, соати 17:30 дар ҳудуди деҳаи Намунаи ноҳияи Қубодиён як кӯдаки яксола зери чархи мошини “Опел” монда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ

Нисбати зани 27-солаи сокини Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Номбурда, моҳи июни соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи тиҷорат 100 ҳазор сомонӣ ва 19 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ҳамзамон марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, дар давоми соли 2019 то моҳи январи соли 2021 якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ бо баҳонаи саршумори зиёд намудани чорво 3 ҳазору 136-сар чорвои майдаи шохдорро гирифта, ба манфати шахсиаш сарф намудааст. Дар натиҷа, ба номбурда ба маблағи 4 миллиону 704 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 28-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 14:00, марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, 1-маротиба бо корд дар қисми болои пойи росташ задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 28-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 10:00, марди 27-сола бародараш ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Темурмаликро аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос лату кӯб карда, бо корд 1-маротиба ба сараш ва 3-маротибаи дигар ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳалокати хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

27-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Раҳматов Шариф Ғафурович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Намунаи ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол, Каримзода Хатича Олимҷон, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Каримзода Х.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 2-юми октябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони пойтахт шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 530 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-сола ва 2 ноболиғи 16 солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри зикргардида, муроҷиат намудааст, ки 1-уми ноябри соли 2021 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба меҳмонҳонаи «Қӯрғонтеппа», воқеъ дар шаҳри Бохтар даромада, аз дохили ҷайбаш 5 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Виво”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button