ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ОҒОЗИ МУЗОКИРОТ БО ЭЪТИРОЗГАРОН ДАР ХОРУҒ. МАРДУМ ЁДГОР ФАЙЗОВРО ТАЛАБ ДОРАНД

Эътирозҳо дар Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 25 ноябр ба ин сӯ беист идома дорад,  инак, вориди рӯзи чорумаш шуд. Ба гуфтаи майдоннишинон, шаби гузашта дар майдон ба оромӣ сипарӣ шуд ва ягон ҳодисаи фавқулодда рӯй надодааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз тарафи ҳукумат раиси вилоят Алишер Мирзонабот, вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа, намояндагони ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартибот дар ВМКБ шомил шуда, эътирозгарон низ як ҳайъати бузургро барои музокирот аз номи онҳо интихоб кардаанд. Музаффар Имомдод, яке аз фаъолони зодаи Бадахшон қаблан дар бораи як гуруҳи иборат аз 40 нафар хабар дода буд, вале манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ гуфтааст, ки аз тарафи аҳли майдон барои музокирот бо раиси вилоят 44 нафар интихоб шудаанд.

Аздо ТВ аз қавли манбааш дар Хоруғ хабар дод, ки музокираҳои муқаддамотӣ ҳанӯз 27 ноябр оғоз ёфта, мақомот алакай яке аз талабҳои эътирозгарон: аз байн бардоштани 5 посгоҳеро, ки аз соли 2018 дар атрофи Хоруғ гузошта буданд, иҷро кардаанд.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, бисёре аз эътирозгарон ҳамчунон исрор меварзанд, ки раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов дар ин музокираҳо аз манфиатҳои онҳо намояндагӣ ва ҳимоят кунад. Буҳрони пурқурбонии соли 2012 дар Хоруғ маҳз бо миёнаравии намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба раҳбарии Ёдгор Файзов аз роҳи музокирот ҳаллу фасл шуда буд.

Ёдгор Файзов, ки аз соли 2018 раиси вилояти Бадахшон буд, вале рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ бо як фармони, мутаассифона, тавре ки талотуми баъдии ҳодисот ҳам нишон дод, носанҷида, ӯро бо генерал Алишер Мирзонабот иваз карданд.

Аввалин шуда, хабари ба музокирот бо эътирозгарон розӣ шудани ҷониби ҳукуматро шаби 27 ноябр дар Фейсбук Mузаффар Имомдод, як фаъоли шинохтаи зодаи Бадахшон нашр кард. Ӯ навишт:  “Билохира аз Хоруғ хабарҳои худ расиданд. Мақомот барои музокирот бо гуруҳи кории иборат аз 40 нафар аз тарафи эътирозгарон розӣ шудааст! Ҳеҷ гоҳ набояд бо мардум бо забон зӯр ва таҳдид ҳарф зад. Мардум мунтазири адолат аст.”

Музаффар Имомдод таъкид кард, ки “ваҳдат ва иттиҳод мо ва кишвари моро бо ҳам қавитар мекунад. Хусусан дар шароите, ки дар атрофи мо ҳама нооромист. Вале агар мақомоти қудратӣ ба худ ҳамчунон берун рафтан аз ҳадди қонун ва Конститутсияро иҷозат бидиҳанд, оромӣ ба даст намеояд.”

Хабари розигии ҳукумат ба музокирот бо гуруҳи кории иборат аз 40 намояндаи эътироҳгарон то ҳол расман аз ҷониби мақомот тасдиқ нашудааст. Вале дар сурати тасдиқаш, ин метавонад ба маъное бошад, ки пойфишории ҷиноҳи “ястребҳо” ба ҳалли базӯрии буҳрони Хоруғ аз ҷониби роҳбарони аввали кишвар пазируфта нашуд ва акнун тарафдорони ҳалли ин масъала бо роҳҳои осоиштаи дипломатӣ ба мадди аввал мебароянд.

Хабари эҳтимоли оғози музокирот бо эътирозгарон дар рӯзе омад, ки дар Хоруғ бори дигар тирпарронӣ шуд. Ёдовар мешавем, эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби мақомот оғоз ёфт.

Эътирозгарон ҷасадҳои кафанпеч дар даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ шуда, ҷасадҳоро дар рӯи минбар гузоштанд ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоевро талаб карданд. Дар рӯёрӯиҳои рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ байни эътирозгарон ва мақомоти қудратӣ боз як сокини Бадахшон кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз захмӣ шудани се афсари КДАМ, як милиса ва як корманди прокуратура хабар доданд.

Шоми 26 ноябр мақомот ба эътирозгарон ду соат вақт доданд, ки майдонро холӣ кунанд ва 5 мил силоҳи автоматро, ки гӯё рӯзи 25 ноябр аз дасти кормандони мақомот кашида гирифтаанд, баргардонанд. Аммо эътирозгарон майдонро тарк накарданд ва гуфтанд, то замони иҷрои талабҳояшон, ки аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги се сокини вилоят ва истеъфои раиси вилоятро дар бар мегиранд, ба эътирози худ давом хоҳанд дод.

Рӯзи 27 ноябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот, ки то ҳол аз мулоқот бо митингчиён сарпечӣ мекард, ба майдон омад ва аз эътирозгарон талаб кард, ки хона ба хона раванд.  Ин боиси хашми одамон шуд ва касе ба тарафи генерал ва ҳамроҳонаш санг партофт. Мақомот баъдан гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла депутати парлумон Азиз Гиёзода осеб дидааст. Дар посух аз бинои ҳукумати вилоят тир кушоданд. Прокуррори вилоят Парвиз Орифзода исрор меварзад, ки мақомот танҳо ба ҳаво тирҳои огоҳкунанда кушодаанд. Вале эътирозгарон мегӯянд, бар асари тирпарронӣ дастикам 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button