ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

МУЗАФФАР ИМОМДОД: ҲУКУМАТ БА МУЗОКИРОТ БО ЭЪТИРОЗГАРОНИ ХОРУҒ РОЗӢ ШУД!

Мақомот билохира барои музокирот бо намояндагони эътирозгарони Хоруғ розӣ шуд. Дар ин бора дар Фейсбук Mузаффар Имомдод, як фаъоли шинохтаи зодаи Бадахшон хабар дод.

Ӯ менависад:  “Билохира аз Хоруғ хабарҳои худ расиданд. Мақомот барои музокирот бо гуруҳи кории иборат аз 40 нафар аз тарафи эътирозгарон розӣ шудааст! Ҳеҷ гоҳ набояд бо мардум бо забон зӯр ва таҳдид ҳарф зад. Мардум мунтазири адолат аст.”

Музаффар Имомдод таъкид кардааст, ки “ваҳдат ва иттиҳод мо ва кишвари моро бо ҳам қавитар мекунад. Хусусан дар шароите, ки дар атрофи мо ҳама нооромист. Вале агар мақомоти қудратӣ ба худ ҳамчунон берун рафтан аз ҳадди қонун ва Конститутсияро иҷозат бидиҳанд, оромӣ ба даст намеояд.”

Хабари розигии ҳукумат ба музокирот бо гуруҳи кории иборат аз 40 намояндаи эътироҳгарон то ҳол расман аз ҷониби мақомот тасдиқ нашудааст. Вале дар сурати тасдиқаш, ин метавонад ба маъное бошад, ки пойфишории ҷиноҳи “ястребҳо” ба ҳалли базӯрии буҳрони Хоруғ аз ҷониби роҳбарони аввали кишвар пазируфта нашуд ва акнун тарафдорони ҳалли ин масъала бо роҳҳои осоиштаи дипломатӣ ба мадди аввал мебароянд.

Хабари эҳтимоли оғози музокирот бо эътирозгарон дар рӯзе омад, ки дар Хоруғ бори дигар тирпарронӣ шуд. Ёдовар мешавем, эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби мақомот оғоз ёфт.

Эътирозгарон ҷасадҳои кафанпеч дар даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ шуда, ҷасадҳоро дар рӯи минбар гузоштанд ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоевро талаб карданд. Дар рӯёрӯиҳои рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ байни эътирозгарон ва мақомоти қудратӣ боз як сокини Бадахшон кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз захмӣ шудани се афсари КДАМ, як милиса ва як корманди прокуратура хабар доданд.

Шоми 26 ноябр мақомот ба эътирозгарон ду соат вақт доданд, ки майдонро холӣ кунанд ва 5 мил силоҳи автоматро, ки гӯё рӯзи 25 ноябр аз дасти кормандони мақомот кашида гирифтаанд, баргардонанд. Аммо эътирозгарон майдонро тарк накарданд ва гуфтанд, то замони иҷрои талабҳояшон, ки аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги се сокини вилоят ва истеъфои раиси вилоятро дар бар мегиранд, ба эътирози худ давом хоҳанд дод.

Рӯзи 27 ноябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот, ки то ҳол аз мулоқот бо митингчиён сарпечӣ мекард, ба майдон омад ва аз эътирозгарон талаб кард, ки хона ба хона раванд.  Ин боиси хашми одамон шуд ва касе ба тарафи генерал ва ҳамроҳонаш санг партофт. Мақомот баъдан гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла депутати парлумон Азиз Гиёзода осеб дидааст. Дар посух аз бинои ҳукумати вилоят тир кушоданд. Прокуррори вилоят Парвиз Орифзода исрор меварзад, ки мақомот танҳо ба ҳаво тирҳои огоҳкунанда кушодаанд. Вале эътирозгарон мегӯянд, бар асари тирпарронӣ дастикам 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button