
Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар пешорӯи фасли сармо бо кумаки кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон се нафари бе ҷои кору ҷои истиқомат (бомж) муайян карда шуда, дар давоми ҳафтаи ҷорӣ ҳарсеи онҳоро бо ҷои кор, ҷои хоб ва ҳамчунин бо либоси гарм таъмин кардаанд.
Аз ҷумла Ҳ.Б., соли таваллудаш 1970, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон чандин сол боз дар Душанбе бе макони будубош зиндагӣ мекардааст. Кормандони милитсия ӯро нафақат бо ҷои хоб, балки бо либоси гарми зимистона таъмин карда, дар муассисаи “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ”- №6-и ноҳияи Фирдавсӣ барояш ҷои кор ҳам пайдо кардаанд.
Милитсияи Душанбе қаблан хабар дод, ки рӯзи 23 ноябр ду нафари дигари бидуни макони истиқомати муйян ба идораи милиса дастрас гардонида шуданд. Ҷ.М., соли таваллудаш 1972, зодаи шаҳри Душанбе, ва А.М., соли таваллудаш 1998, зодаи ноҳияи Ёвон низ чандин сол боз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бе макони зисти муайян зиндагӣ мекардаанд.
Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе гуфт, ки онҳоро дар Нозироти минтақавии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ”- №5-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷои кор, музд ва макони будубош таъмин карда, ҳамчунин ба ҳарду либосҳои гарми зимистона туҳфа кардаанд.



