ВидеоНуқтаи назарҶомеа

БОЗДОШТИ ДОНИШҶӮЕ, КИ … БО МОШИН БА ДАРС ОМАД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани корҳои пешгирикунанда муайян кардаанд, ки донишҷӯи бахши сеюми факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Муҳиддинов Худойназар Маҳмадсолеҳович, санаи тваллудаш 15.09.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Даҳана, бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тойота Королла», рақами қайди давлатиаш 31 44 SS 01 ба донишгоҳ ҳозир шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати қабули қарори дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия маводи лозима тартиб дода шуда, ба унвонии роҳбарияти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ҳамзамон ба Донишгоҳи миллӣ ирсол карда шудааст.
РВКД Душанбе зикр кардааст, ки тибқи муқаррароти мавҷуда дар сурати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯро метавонанд ба муҳлати 3 сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ кунанд. “Аз ин лиҳоз донишҷӯёнро мебояд вақти пурқиммати худро ба омӯзишу таҳсил гузаронида, даст ба чунин қонуншиканиҳо назананд ва номи худро доғдор насозанд”, – таъкид кардааст маркази матбуоти милитсияи пойтахт.

Бар асоси як фармоиши вазорати маориф ва илм, бо мошин ба дарс омадани донишҷӯён дар мактабҳои олии Тоҷикистон қатъиян манъ  карда шудааст.  Ин маҳдудият дар баробари маҳдудиятҳои дигари мавҷуда дар Тоҷикистон, чун “фақат дар доираи оила гузарондани зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонон ва номгӯи таом ва ҳатто миқдори гӯшту биринҷ дар маъракаҳои тӯю мотами мардум аз ҷумла тасмимҳоест, ки дар берун аз Тоҷикистон  аҷибу ғариб менамоянд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин навъ тасмимҳоро ҳамчун намунаҳои дахолати ноҷо ва нозарури давлат дар ҳарими ҳаёти хусусии шаҳрвандон  танқид мекунанд.

Худи донишҷӯён низ аз қарори манъи бо мошин ба дарс омаданашон чандон розӣ нест. Дар вақташ пешгирӣ аз худнамоии донишҷӯёни сарватманд дар назди ҳамсабақони нодорашон як далели ин тасмим ном бурда мешуд.

Вале донишҷӯён мегӯянд, бештар бо мошин онҳое ба дарс меоянд, ки пули таҳсил ва таъмини рӯзгори худро дар давраи донишҷӯӣ аз пушти мошинашон меёбанд.

Ба гуфтаи донишҷӯён, бисёрии онҳо баъди дарс маҷбуранд, ки чанд соат бо мошинҳои худ кирокашӣ кунанд, то ки пули гузарони зиндагӣ пайдо ва пули таҳсили худро ҷамъ кунанд. Аксари чунин донишҷӯён мошинҳои арзонаке, ба мисли “Опел” доранд ва азбаски дар саҳни донишгоҳ гузоштани мошинҳояшон метавонад сабаби ҷазо додани онҳо шавад, донишҷӯёни мошинсавор ҳоло аксар вақт мошини худро дар ягон таваққуфгоҳи наздик ба макони дарсашон гузошта, то донишгоҳ пиёда мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button