ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

10 ТАВСИЯИ ҶОМИАИ ШАҲРВАНДӢ БА ҲУКУМАТ БАРОИ ҲАЛЛИ БУҲРОНИ ХОРУҒ 10 ТАВСИЯИ ҶОМИАИ ШАҲРВАНДӢ БА ҲУКУМАТ БАРОИ ҲАЛЛИ БУҲРОНИ ХОРУҒ

Рӯзи 28 ноябр 9 созмони ғайридавлатии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз ҷомиаи шаҳрвандӣ муроҷиатномаеро ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон қабул карданд, ки дар он барои ҳалли буҳрони Хоруғ 10 тавсия дода шудааст, ки аз инҳо иборатанд:

1. Муқобили аҳолии шаҳри Хоруғ, ВМКБ аз ҳад зиёд истифода бурдани қувва ва яроқи оташфишон фавран қатъ карда шавад.

 2. Тафтишоти саривақтиву самараноки ҳама фавтҳои шаҳрвандӣ ва захмгириҳо, аз ҷумла дар боби асоснокӣ ва зарурати истифодаи қувва ва яроқи оташфишон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи аз 25-уми ноябри соли 2021 ҳангоми боздошти Зиёбеков Г. ва дар давраи гирдиҳамоиҳои 25-27-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ гузаронида шавад.

3. Шахсони гунаҳгор дар фавти сокинони мулкӣ дар шаҳри Хоруғ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

4. Оид ба ҷараёни тафтишоти гузаронида ва чораҳои андешидашуда аҳолӣ сари вақт огоҳ карда шаванд.

5. Ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шахс барои баргузор намудани ҷамъомади осоишта ва изҳори андешаи худ оид ба масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ эътироф карда, аз ҳама гуна таъқиби шахсоне, ки дар ҷамъомаду намоишҳои осоишта иштирок кардаанд, чӣ дар шаҳри Хоруғ ва чӣ берун аз он худдорӣ намоянд.

6. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дилхоҳ намудҳои алоқа барқарор карда шаванд.

 7. Баҳри барқарор намудани боварӣ ва ҳамкорӣ миёни тарафҳо чораҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ андешида шаванд, то ба бозгашт ба моҷаро роҳ дода нашавад.

 8. Кумаки равонӣ ба аҳолии шаҳри Хоруғ, хусусан ба занон ва кўдакон, инчунин равоншиносони омўзишдида дар марказҳои тиббии шаҳр таъмин карда шавад.

9. Барои таъсиси Маркази мустақили мониторинги вазъият дар ҳайати намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ мусоидат карда шавад.

10. Барои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонону занон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Матни пурраи муроҷиатномаи ҷомиаи шаҳрвандӣ ба президент чунин аст:

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати фавт ва захмишавии зиёди шаҳрвандони мулкӣ ҳангоми боздошти худсарона ва гирдиҳамоиҳои сулҳҷўёна дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронии амиқ изҳор намуда, аз мақомоти Тоҷикистон барои гузаронидани тафтишоти қатъӣ дархост ба амал меоранд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон нисбати ҳодисаҳои қарибулвуқуъ дар шаҳри Хоруғ, ВМКБ-и Тоҷикистон, ки давоми якчанд рўз дар натиҷаи бархўрд миёни намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони маҳаллӣ 3 нафар шаҳрванди мулкӣ фавтидаву зиёда аз 16 нафар чи аз миёни аҳолӣ ва чӣ аз миёни намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ гардиданд, изҳори нигаронӣ мекунад.

Сабаби нофаҳмӣ фавти фоҷиавии сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Зиёбеков Гулбиддин гуфта мешавад.

Мувофиқи иттилооти мавҷуда, Зиёбеков Гулбиддин ҳамроҳ бо ду сокини дигари деҳа 25-уми ноябри соли 2021, соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ захмӣ шуда буданд, ки яке аз онҳо – Тутишо Амиршоев дар натиҷаи захмӣ шудан фавтид.

 Ба гуфтаи шоҳидон, боздошти Зиёбеков Г. дар ҷойи ҷамъиятӣ дар назди мағозаи хўрокворӣ сурат гирифтааст, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳро банд карда, оташ кушодаанд, сарфи назар аз ҳузури дигар одамон, ки фармон додаанд, то рўй ба девор гардонидаву дастҳояшонро бардоранд, дар сурати камтарин ҳаракат ба ҳаво ё замин тир холӣ кардаанд. Зиёбекови захмишударо ба зўр ба мошин шинонда, ба самти маркази ноҳияи Роштқалъа бурдаанд.

Баъди чанд муддат ҷасади ҷавонро ба хешовандонаш медиҳанд.

Бино ба фарзияи расмӣ, Зиёбеков гўё бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 181, қ. 3 («Гаравгонгирӣ бо гурухи муташаккил») ва 189, қ. 3 («Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё динӣ») Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муқарраргардида дар ҷустуҷў қарор дошта, ҳангоми муқобилият нишон додан захмӣ шудаву дар роҳ ба даҳони худ тир холӣ карда, мефавтад.

Худи ҳамон рўз сокинони ноҳия бо роҳбаладии хешовандони қурбонӣ бо дархости тафтиши воқеаи мазкур ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳгорон ҷасади марҳумро ба назди МИҲД-и ВМКБ дар шаҳри Хоруғ мерасонанд.

Баъдан дар назди МИҲД бо иштироки сокинони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят гирдиҳамоӣ сурат мегирад.

Дар ҷараёни гирдиҳамоӣ миёни эътирозгарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занонзанӣ ба миён меояд, ки дар натиҷа муқобили эътирозгарон тир кушода шуда, боз як нафар сокини минтақа фавтидаву чанд нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд. Худи ҳамон рўз дар ВМКБ алоқа маҳдуд гардида, тамоми шабакаҳои интернетӣ хомўш мешаванд.

То субҳи 26-уми ноябри соли 2021 дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дар бораи фавти боз як нафари дигар пайдо шуда, то имрўз иттилоъ оид ба фавти ин нафарон мавҷуд аст: Зиёбеков Гулбиддин, Тутишо Амиршоев ва Гулназар Амирбеков. Аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ аз рўйи далелҳои ҳодисаҳои 25-уми ноябри соли 2021 ва тирпарронӣ дар маркази Хоруғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Инчунин, бино ба иттилои ВАО-и минтақавӣ, дар маркази маъмурӣ чораҳои бехатарӣ пурзўр карда шуда, ҳамзамон дастрасӣ ба интернет мавҷуд нест. Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, роҳҳо ба самти шаҳр банданд.

Бегоҳи 26-уми нояби соли 2021 роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бо муроҷиат баромад карданд, ки агар эътирозгарон майдонро тарк накунанд, барои пароканда кардани гирдиҳамоӣ аз қувва истифода бурда мешавад. 27-уми ноябри соли 2021 гирдиҳамоии одамон дар майдони марказии Хоруғ, бевосита дар назди бинои шаҳрдории вилоят идома ёфт, ҷасадҳои фавтидагон аз майдон барои гўронидан бурда шуданд, дар натиҷаи идома ёфтани бархўрдҳо боз чанд нафари дигар, аз ҷумла намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудрати захмӣ гардида, гуфтушунидҳо оғоз ёфтанд.

Дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гирдиҳамоиҳо ба дастгирии аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ идома доранд. Мо аз таъсиси гурӯҳи махсуси корӣ бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор оид ба таҳқиқи марги Зиебеков Гулбидин ва дигарон, инчунин кафолати тафтишоти ошкоро истиқбол мекунем.

Мо аз мақомоти кишвар даъват менамоем, ки дар ӯҳдадориҳои худ устувор бошанд ва барои ҳалли мусолиматомези низоъ ва пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳанд.

Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзо аст, қоидаву тартиби дақиқи риояи ҳуқуқи инсонро ҳангоми амалисозии фаъолият дар чаҳорчўбаи адолати судии ҷиноятӣ пешбинӣ намудаанд. Ҳамин тавр, моддаи 6 (1)-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрванди ва сиёсӣ 1 ҳуқуқ ба ҳётро ҳамчун ҳуқуқи ҳар як инсон эътироф кардааст, ки бояд бо қонун ҳифз шавад.

 Худсарона аз ҳаёт маҳрум кардан мумкин нест. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъкид мекунад, ки истифодаи кувва ва яроқи оташфишон бояд на танҳо истифодаи нерӯро ба назар гирад, балки оё амалиёти давлатӣ дуруст сурат гирифта ва ба нақша гирифта шудааст ва оё ин амалиёт хатар ба ҷони иштироукчиён доранд ё не. Дар чунин ҳолатҳо масъулияти исбот бар дўши давлат аст, чун танҳо давлати узв ба иттилооти дахлдор дастрасӣ дорад ва уҳдадор аст ҳама нақзи Паймонро софдилона тафтиш кунад.

Принсипҳои асосии истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон аз ҷониби кормандони нигоҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ 2 муайян мекунанд, ки дар ҳама ҳолатҳое, ки истифодаи қувва ё силоҳи оташфишон ногузир аст, шахсони масъули нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ:

а) дар истифодаи чунин қувва худдорӣ нишон медиҳанд ва дар асоси вазнинии ҷинояту ҳадафи қонунӣ амал мекунанд; б) эҳтимолияти осеб ва ҷароҳат расониданро кам карда, ҳаёти инсонро ҳифз менамоянд;

 в) дар муҳлатҳои кўтоҳ расондани ёрии тиббӣ ва дигар кумакҳоро ба дилхоҳ захмишуда ва зарардида таъмин месозанд;

г) мусоидат менамоянд, то хешовандон ё дӯстони наздики захмишудаҳову осебдидагон дар муҳлати кўтоҳ огоҳонида шаванд.

Кормандони интизомӣ аз силоҳи оташфишон муқобили одамон истифода намебаранд.

Гузоришгари махсус оид ба масоили мусоидат дар барқарорсозии ҳақиқат, адолати судӣ, ҷуброн ва кафолатҳои роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқҳо ҷаноби Пабло де Грейффа қайд кард, ки тақрибан дар ҳама ҳолатҳо яке аз тақозоҳои аввалини қурбониён эътирофи осеб дидани онҳост.

Ин на танҳо ҳуқуқи талаб кардани товони зарар барои кам кардани азобу уқубат, балки барқарор намудани ҳуқуқҳои дағалона поймолшудаи ҷабрдидаро дар назар дорад ва ба одамон мефаҳмонад, ки давлат манфиатҳои онҳоро ба назар мегирад. Барқарорсозии ҳақиқат метавонад ба таҳкими эътимод мусоидат кунад. Эътироф ва эътимод шартҳои ҳатмӣ ва натоиҷи адолати судӣ мебошанд ва ҷубронпулӣ эътимодро тавассути он нишон медиҳад, ки ниҳодҳои мухталиф то чӣ андоза нақзи ҳуқуқи инсонро ба таври ҷиддӣ қабул мекунанд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба давлат тавсия медиҳанд:

1. Муқобили аҳолии шаҳри Хоруғ, ВМКБ аз ҳад зиёд истифода бурдани қувва ва яроқи оташфишон фавран қатъ карда шавад.

 2. Тафтишоти саривақтиву самараноки ҳама фавтҳои шаҳрвандӣ ва захмгириҳо, аз ҷумла дар боби асоснокӣ ва зарурати истифодаи қувва ва яроқи оташфишон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи аз 25-уми ноябри соли 2021 ҳангоми боздошти Зиёбеков Г. ва дар давраи гирдиҳамоиҳои 25-27-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ гузаронида шавад.

3. Шахсони гунаҳгор дар фавти сокинони мулкӣ дар шаҳри Хоруғ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

4. Оид ба ҷараёни тафтишоти гузаронида ва чораҳои андешидашуда аҳолӣ сари вақт огоҳ карда шаванд.

5. Ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шахс барои баргузор намудани ҷамъомади осоишта ва изҳори андешаи худ оид ба масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ эътироф карда, аз ҳама гуна таъқиби шахсоне, ки дар ҷамъомаду намоишҳои осоишта иштирок кардаанд, чӣ дар шаҳри Хоруғ ва чӣ берун аз он худдорӣ намоянд.

6. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дилхоҳ намудҳои алоқа барқарор карда шаванд.

 7. Баҳри барқарор намудани боварӣ ва ҳамкорӣ миёни тарафҳо чораҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ андешида шаванд, то ба бозгашт ба моҷаро роҳ дода нашавад.

 8. Кумаки равонӣ ба аҳолии шаҳри Хоруғ, хусусан ба занон ва кўдакон, инчунин равоншиносони омўзишдида дар марказҳои тиббии шаҳр таъмин карда шавад.

9. Барои таъсиси Маркази мустақили мониторинги вазъият дар ҳайати намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ мусоидат карда шавад.

10. Барои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонону занон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

1. Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

2. Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ”

3. Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”

4. Ташкилоти ҷамъиятии “Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон”

5. Фонди ҷамъиятии “Нотабене”

6. Ташкилоти Ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ”

7. Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” 8. Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”

9. Ташкилоти ҷамъиятии “Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Чупон бисьер шуд, рамаро гургон мехуранд, ча:мъиятм бисьер чи даркор,? Гунахкор дар назди конун чавоб дихад, Дар Точикистон як вилоят аст? Барои чи дар дигар вилоятхо лидерхо нест? Мо як лидер, як Пешво дорем Чаноби Оли, Дар Бадахшон дар хар як нохия як лидер, як пешво,Кадом ки гунох кард, чавобашро дар чорчубаи конун дихад, ультиматум хватит, Ба умеди Аврупо, Амрико ва Созмони милли нашавед, ватанро дуст дооед, шукронаи тенчиву амони кунед.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button