ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ФАВРӢ! ТИРПАРРОНӢ ДАР ХОРУҒ. АЗ ЗАХМӢ ШУДАНИ БОЗ ЧАНД НАФАР ХАБАР МЕДИҲАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 27 ноябр, дар майдони назди бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази шаҳри Хоруғ боз тирпарронӣ сурат гирифта, дар бораи ҷароҳат бардоштани дастикам 4 нафар хабарҳо ба даст расиданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, тирпарронӣ баъди суханронии раиси вилоят генерал Алишер Мирзонабот сар шуд. Алишер Мирзонабот ҳамроҳи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва яке аз роҳбарони ғайрирасмии Хоруғ Хурсанд Мазоров, маъруф бо лақаби “Чашмкабуд” (“Синеглазый”) ба назди тазоҳургарон баромада, аз онҳо хост, ки хона ба хона шуда, роҳҳоро боз кунанд. Генерал Мирзонабот ваъда дод, ки мақомот ҳодисаҳои рӯзи 25 ноябрро, ки дар онҳо 3 сокини Бадахшон кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд, таҳқиқ мекунанд.

Аммо суханони раиси вилоят эътирозгаронро қонеъ насохт ва онҳо ба талаби истеъфои Алишер Мирзонабот идома дода, вақте ки вай баъди анҷоми суханрониаш мехост ба бинои ҳукумат баргардад, ба вай наздик шуданд.

Дар ин ҳангом кадоме аз нирӯҳои қудратӣ, ки барои ҳимояти раиси вилояти Бадахшон сафарбар шуда буданд, ба болои издиҳом тир кушод ва дар натиҷа, ба гуфтаи шоҳидон, на кам аз 4 нафар ҷароҳат бардоштанд.

“Азия Плюс” хабар дод, ки тирпарронӣ вақте сар шуд, ки касе аз издиҳом ба Алишер Мирзонабот ҳамла кард ва ӯ аз сараш ҷароҳат бардошт.

Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Ба идораи “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки дар он садои тирпарронӣ дар маҳалли эътирозҳои Хоруғ ба гӯш мерасад. Вале ҳанӯз пурра ташхис нашудааст, ки ин видео аз рӯзи 27 ноябр аст ё пештар сабт шудааст.

Шоми 26 ноябр  муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Абдураҳмон Аламшозода тавассути ТВ Бадахшон суханронӣ карда, ба эътирозгарони ҷамъшуда дар маркази Хоруғ ду соат вақт дод, то ки майдони назди бинои ҳукумати вилоятро холӣ кунанд. Генерал Аламшозода  ҳушдор дод, ки агар мардум ихтиёран хона ба хона нараванд, онҳоро бо истифода аз нирӯ пароканда хоҳанд кард.

Аламшозода ҳамчунин аз эътирозгарон талаб кард, ки 5 автоматеро, ки дар ҷараёни даргириҳои рӯзи 25 ноябр аз дасти кормандони мақомоти қудратӣ кашида гирифтаанд, баргардонанд.

Вале бо вуҷуди ҳушдори мақомот, эътирозгарон майдонро тарк накарданд.

Дар шаҳри Хоруғ аз 25 ноябр ба ин тараф гирдиҳамоии беисти эътирозӣ идома дорад. Сабаби ин эътироз кушта шудани се сокинони Бадахшон ва захмӣ шудани то 15 нафари дигар дар ҳодисаҳои рӯзи 25 ноябр шуд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ дар даргириҳои рӯзи 25 ноябр бо эътирозгарон дар Хоруғ хабар доданд.

Шоми 25 ноябр садҳо нафар аз зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд. Рӯзи 26 ноябр даҳҳо тан аз зодагони Бадахшон дар назди қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорки Амрико эътироз карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button