ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ФАВРӢ! РАҲПАЙМОИИ ЭЪТИРОЗИИ ЗОДАГОНИ БАДАХШОН ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Рӯзи 27 ноябр чанд нафар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд, вале аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуданд. Дар яке аз видеоҳои кӯтоҳе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд,  дида мешавад, ки корманди милиса як ҷавони шиорбадастро аз дасташ дошта, ба тарафи мошин кашола карда мебарад. Дар видеои дигар гуруҳи ҷавонон дида мешаванд, ки пораҳои як шиори дарондашударо аз замин мебардоранд, то бихонанд, ки дар он чӣ навишта шудааст?

Ин нахустин раҳпаймоии эътирозии сиёсӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар 15 соли охир аст. Бори охир ҳанӯз соли 2006 чанде аз фаъолони ҳизби демократ ба зидди ғасби ин ҳизби оппозитсионӣ аз ҷониби як гуруҳи тарафдори ҳукумат эътироз карда буданд, вале онҳоро зуд ба ҳабс гирифтанд.

Раҳпаймоии эътирозии зодагони Бадахшон дар Душанбе дар ҳолест, ки дар шаҳри Хоруғ аз 25 ноябр ба ин тараф гирдиҳамоии беисти эътирозӣ идома дорад. Сабаби ин эътироз кушта шудани се сокинони Бадахшон ва захмӣ шудани то 15 нафари дигар дар ҳодисаҳои рӯзи 25 ноябр шуд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ дар даргириҳои рӯзи 25 ноябр бо эътирозгарон дар Хоруғ хабар доданд.

Шоми 25 ноябр садҳо нафар аз зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд. Рӯзи 26 ноябр даҳҳо тан аз зодагони Бадахшон дар назди қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорки Амрико эътироз карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button