ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Марду зани ҳарду сисолаи сокини пойтахт ба  ду мавриди қаллобӣ ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ гумонбар мешаванд. ВКД гуфт, ки он моҳи феврал аз як зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе 1 миллиону 144 ҳазору 818-сомонӣ ва аз зани 52-солаи сокини пойтахт 165 ҳазору 700-доллари амрикоӣ ва 9 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондаанд.
ххххххххххххх

Cокини 32-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ ва ғорат судшудаи ноҳияи А.Ҷомӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 24 ноябр, соати 22 дар назди маркази дилхушии “Дидор” бо зӯрӣ телефони “Айфон”-и як марди 40-соларо кашида гирифтааст.

хххххххххххххх

Сокини 31-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ ва ғорат судшудаи шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 ноябр, соати 12, аз хонаи як зани 36-солаи сокини пойтахт  750 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021, марди 30-сола ва зани 30-солаи сокинони пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 144 ҳазору 818-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳамзамон номбурдагон бо ҳамин роҳ моҳи феврали соли 2021 ба боварии зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 165 ҳазору 700-доллари амрикоӣ ва 9 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Нисбати шахсони дар боло зикргардида аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин нисбати зани 38-солаи сокини ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи апрели соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 66-солаи сокини ноҳияи зикгардида даромада, аз ӯ 300 ҳазор рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.



Даст ба ғоратгарӣ задани марди 32-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 24-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 22:00, дар назди маркази дилхушӣ ба номи “Дидор”, воқеъ дар кӯчаи Сомониёни ҳамин ноҳия шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Айфон”, ки арзишаш 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 26-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 750-сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 750-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button