ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

ВИДЕОИ НАВ АЗ ХОРУҒ: БО ВУҶУДИ ҲУШДОРИ МАҚОМОТ, ЭЪТИРОЗГАРОН ДАР ХОРУҒ МАЙДОНРО ТАРК НАКАРДАНД

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Хоруғ видеои наверо фиристоданд, ки тоза шаби 26 ба 27 ноябр сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки бо вуҷуди ҳушдори мақомот, эътирозгарон майдонро тарк накардаанд ва ҷасадҳои ҷавонони рӯзи 25 ноябр кушташуда низ ҳамчунон дар минбар гузошта шудаанд. Дар майдон гулханҳо афрӯхтаанд, то ки эътирозгарон тавонанд гарм шаванд. Сухангӯён ба суханрониҳои худ тавассути баландгӯ идома медиҳанд ва яке аз онҳо аз ҷумла мегӯяд, мо аз таҳдиди зиндон наметарсем.

Ёдовар мешавем, шоми 26 ноябр  муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Абдураҳмон Аламшозода тавассути ТВ Бадахшон суханронӣ карда, ба эътирозгарони ҷамъшуда дар маркази Хоруғ ду соат вақт дод, то ки майдони назди бинои ҳукумати вилоятро холӣ кунанд. Генерал Аламшозода  ҳушдор дод, ки агар мардум ихтиёран хона ба хона нараванд, онҳоро бо истифода аз нирӯ пароканда хоҳанд кард.

Аламшозода ҳамчунин аз эътирозгарон талаб кард, ки 5 автоматеро, ки дар ҷараёни даргириҳои рӯзи 25 ноябр аз дасти кормандони мақомоти қудратӣ кашида гирифтаанд, баргардонанд.

Пештар аз Хоруғ хабарҳо расид, ки музокироти байни намояндагони ҳукумат ва тазоҳургарон дар маркази Бадахшон бенатиҷа ба анҷом расидааст. Ҷониби ҳукумат ҳатто пешниҳоди қонунӣ кардани эътирозҳои ахир ба хотири аз таъқиботи минбаъда озод кардани иштирокчиёнашро напазируфтаанд.  Радиои Озодӣ қаблан аз қавли як манбааш хабар дод, ки ҳукумат барои музокирот бо мардуми норозӣ чанд мансабдори баландпояи зодаи Бадахшон, аз ҷумла вазири энергетика Далер Ҷумъа, сардори милитсияи вилояти Суғд генерал Абдулло Навҷувонов ва вакили парлумон аз ин минтақа Азиз Гиёевро ба Хоруғ фиристодааст.

Ёдовар мешавем, вазъият дар Хоруғ ва атрофи он рӯзи 25 ноябр, дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев ноором шуд. Мақомот гуфтанд, ки Зиёбеков ба гаравгон гирифтани ёвари додситони Роштқалъа Абдусалом Абирзода дар моҳи феврали соли 2020 айбдор мешуд ва ҳангоми боздошташ муқовимати мусаллаҳона нишон дод. Сокинони Тавдем мегӯянд, Зиёбеков ва Амиршоев силоҳ надоштанд ва муқовимат ҳам нишон надодаанд.

Марги онҳо боис шуд, ки сокинони Бадахшон ҷасадҳо дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ кунанд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумат бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги ин ду сокини Роштқалъа ҷамъ шаванд.

Давоми рӯзи 25 ноября дар Хоруғ байни эътирозгарон ва нирӯҳои қудратӣ чанд задухӯрд рӯй дод ва то шоми рӯз шумори кушташудаҳо ба 3 нафар ва захмиён ба 15 нафар расид. Идораи амнияти вилоят низ аз ҷароҳат бардоштани 5 корманди мақомоти қудратӣ, аз ҷумла 3 афсари КДАМ, як милиса ва як корманди додситонӣ хабар дод. Мақомот алоқаи мобил ва Интернетро дар Хоруғ ва атрофи он қатъ карданд, ки ин боиси норозигии боз ҳам бештари сокинон гардид.

Шоми 25 ноябр бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон ва барқарор кардани робита бо Бадахшон садҳо зодаи ин вилоят дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав эътироз карданд.

Рӯзи 26 ноябр  митинги эътирозӣ дар Хоруғ боз идома ёфт. Эътирозгарон акнун нафақат ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, балки барқарор кардани алоқа ва Интернет ва ҳам истеъфои раиси кунунии вилоят генерал Алишер Мирзонаботро талаб мекарданд. Раиси вилоят бо вуҷуди талабҳои батакрори эътирозгарон ба пеши онҳо набаромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button