Хабарҳои кӯтоҳ

АМРИКО БА ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОН 18 МОШИНИ ҶИП ТАҚДИМ КАРД

Сафорати Амрико рӯзи 19 ноябр ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои мусоидат ба амнияти сарҳадии ин кишвар18 мошини сабукрави ҷипи J8 таҳқдим намуд. “Мошинҳои сабукрав бо арзиши умумии 1,3 миллион доллар ба марзбонони тоҷик имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи минтақаҳои сарҳадӣ амалиёт гузаронанд,”   – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорат. Сафири Амрико гуфт, ки кишвараш соли 2022 барои таҳкими бахши амнияти Тоҷикистон ҳудуди 60 миллион доллар кумаки дигар ҷудо мекунад.

Дар маросими супоридани мошинҳои сабукрав сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Сафир Поммершайм зимни суханронӣ дар маросим қайд намуд, ки «ин кумаки башардӯстона яке аз мисолҳои дастгирист, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик ҳастем. Ба хотири исбот намудани ҳамкории худ мо нақша дорем, дар соли оянда ба бахши амнияти Тоҷикистон ҳудуди 60 миллион доллар сармоягузорӣ кунем”.

Бино ба иттилои сафорат, аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бахши амнияти Тоҷикистон беш аз 330 миллион доллар кумак кардааст. Ин кӯмак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад.

“Дар чаҳорчӯби кумак ба артиши Тоҷикистон 378 адад мошини сабукрав бо арзиши умумии 11,9 миллион доллар ластрас гардиданд. Мо инчунин зиёда аз 10 000 нафар сарбозону афсарон, намояндагони сохторҳои қудратиро дар самти тактикаи самараноки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир омӯзонидем. Дар чаҳорчӯби кумакҳои мазкур 13 посгоҳи сарҳадӣ, 9 гузаргоҳ, ду отряди сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии сарҳадбонон сохта ё барқарор карда шуданд. Танхо соли гузашта кумаки харбию техникии ИМА зиёда аз 10,7 миллион долларро ташкил дод ва ин амал Иёлоти Муттахидаи Америкаро ба донори асосӣ дар ин соҳа табдил дод. Илова бар ин, як моҳ пеш 20 мошини сабукрав ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим шуд”, – афзудааст бахши матбуоти сафорати Амрико.

Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон  дар тӯли 30 сол барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушд ва кӯмаки низомӣ, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маорифи Тоҷикистон дар умум 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button