ВидеоҲуқуқи инсон

“ОБЛАВА” ДАР ПАНҶАКЕНТ: БОЗ ДАҲҲО ДОНИШҶӮРО АЗ ДАРС РОСТ БА ВОЕНКОМАТ БУРДАНД

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, субҳи 26 ноябр як гуруҳи кормандони мақомот бо либосҳои мулкӣ ба синфхонаҳои коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент зада даромада, ҳамаи писарони донишҷӯро маҷбуран ба мошинҳо бор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.  Волидони чанде аз ин донишҷӯён амали мақомотро ғайриқонунӣ номида, гуфтаанд, аз даруни дарс маҷбур бардошта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдани донишҷӯён дар чорчӯби ягон қонуну қоида намегунҷад.

Ба гуфтаи афроди огоҳ, Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳиро то ҳол иҷро накардааст ва ба ҳамин далел, дар ин чанд рӯзи боқимонда то хатми мавсим талош дорад, бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо роҳи аз дарс бардошта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдани донишҷӯён нақшаашро иҷро кунад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 18 ноябр бо ҳамин тарзу шева даҳҳо  донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро ҳангоми дарс аз даруни синфхонаҳои донишкада дошта, маҷбуран  ба мошинҳои “Газел” ва “Спринтер” бор карда,  ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.  Он дафъа кормандони комиссариат ба волидони норозӣ гуфтанд, ки донишҷӯёнро месанҷанд ва танҳо онҳоеро, ки қарздоранд, ба хидмат фиристода, бақияро ҷавоб медиҳанд. Аммо волидон мегуфтанд: “Барои ҳангоми дарс, бе огоҳӣ, ғайриқонунӣ доштан ва зиёда аз ин ба беш аз 3-4 соат нигоҳ доштани фарзандони мо кӣ бояд ҷавобгар бошад? Ҳамин давлат соҳиб дорад? Қонун амал мекунад? Прокурорҳо ҳастанд?”

Тибқи қонун, донишҷӯён то замони ба анҷом расидани таҳсилашон аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Вале онҳоеро, ки пули таҳсилро насупурдаанд ваё ба сабаби аз имтиҳонҳову санҷишҳо қарздор шудан аз донишгоҳ ё донишкада хориҷ карда шудаанд, метавонанд ба хидмати ҳарбӣ баранд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ахиран хабар дода буд, ки то 20 ноябр  нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои  мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 83 фоиз иҷро шудааст. Аммо гуфта мешуд, ки даъват дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон нисбатан кундтар ҷараён дорад. Вилояти Суғд то 20 ноябр нақшаи даъватро ҳамагӣ 77% иҷро карда буд.

Дар бораи чанд фоиз иҷро шудани ин нақша дар Панҷакент иттилои дақиқе дар даст нест, вале манобеи “Бомдод” мегӯянд, ин нақша то ҳол иҷро нашудааст ва ба ин далел ситоди маҳаллии даъват қариб ҳар рӯз то поси шаб ҷаласа барпо мекунад ва мақомот инак ду ҳафта паиҳам донишҷӯёнро аз дарс ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button