ВидеоҶомеа

ҲУКМИ ПАДАРУ ПИСАР БАРОИ БА ХУДКУШӢ РАСОНДАНИ КЕЛИНИ ХОНАВОДА

Додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сокинони деҳаи Қаҳрамон падару писар Саидкулиев Шомурод ва Саидкулиев Мақсадро бар асоси қисми дуюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар расондани келини хонавода Нурсултон Ҷумъаева гунаҳкор шинохт. Дар иттилояи расмии маркази матбуоти Додситонии кул, мушаххасоти ҳукми падару писар гуфта нашудааст, вале қисми дуюми моддаи 109 барои ба худкушӣ расондани шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад, ҳамун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маркази матбуоти додситонии кул дар шарҳи ин парванда гуфт,  “дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шуд, ки Саидкулиев М.Ш., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов, деҳаи Қаҳрамон моҳи феврали соли 2019 бо тариқи расму оини мусулмонӣ бо шаҳрванд Ҷумаева Нурсултон сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати Деҳқонобод, деҳаи Деҳқонобод оила барпо намуда, давоми зиндагонии якҷояашон дидаю дониста, ки Ҷумаева Н.Р. дигар тобеи ӯ мебошад, мунтазам тахдид, муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии номбурдаро раво дида, нисбаташ суханони қабеҳ ва дашному ҳақорат намуда, беасос номбурдаро мавриди лату кӯб қарор медодааст.”

   Гуфта мешавад, ки падари Мақсад – Шомурод бар замми ин дар рӯзҳои гарму офтобӣ келинашро бидуни истироҳат ба корҳои саҳроӣ ҷалб мекард ва “дар натиҷаи ин муносибати мунтазами бераҳмонаи падар ва писар 3 маротиба ҳомиладории Ҷумаева қатъ гардидааст.”

Додситонӣ меафзояд, ки “Нурсултон Ҷумъаева ба ин кирдорҳои ноҷавонмардонаи падару писар тоқат накарда, ягона роҳи халосӣ аз кирдори ҷинояткоронаи шавҳараш ва падари шавҳарашро дар худкушӣ дида, 08 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ ба хонаи падараш Ҷумаев Рӯзимурод ба  деҳаи Деҳқонобод омада, аз набудани аҳли хонаводаашон ва аз фурсати барояш муносиб истифода бурда, дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо рӯймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳоеро, ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Мушкилоти зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ як сабаби умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Аммо танҳо парвандаҳои ангуштшумор бо иттиҳоми расондан ба худкушӣ то ба додгоҳ расида, гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Дар аксари мавридҳо тарафи ҷабрдида ба муомила розӣ шуда, аз гуноҳи онҳое, ки сабаби худкушии азизашон шудааст, мегузаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button