
Додгоҳи вилояти Хатлон сокини деҳаи Меҳнати ноҳияи Хуросон Рустам Болтабоевро бо ҷурми таҷовуз ба номус ва қатли духтари 9-солаи ҳамсояаш ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Мурофиаи ин парвандаи пурсарусадо пушти дарҳои баста 21 октябр оғоз ёфта, то 23 ноябр давом кард. Шамсулло Яҳёзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон, ки додрасии ин парвандаро ба дӯш дошт, ба “Азия Плюс” гуфт, ки додгоҳ Рустам Болтахоновро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 138, қисми 3 (таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад) ва 104, қисми 2 (куштори ноболиғ) гунаҳкор шинохт ва ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ҳабси абад ҷазои ҳадди аксар бар асоси ин ду моддаи қонун аст. Ва он ҳам фақат барои он ки дар Тоҷикистон судур ва иҷрои ҳукми қатл аз соли 2004 ба ин тараф таҳти мораторий қарор дорад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 16 август, тақрибан соати 14, як духтари ноболиғи нӯҳсола дар деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз хона баромада, бедарак шуд. Ҷасади кӯдакро бахди чандин соати ҷустуҷӯ бо аломатҳои марги маҷбурӣ 300 метр дуртар аз хонаашон аз даруни ҷӯйбор пайдо карданд. Ба зудӣ сокини ҳамин деҳа Рустам Болтахонов бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир шуд. Болтахонов, с.т. 1976, қаблан дар Русия бар асоси моддаи 105 барои одамкушӣ 7 сол суд шуда буд.
Бино ба фарзияи тафтишот, Болтахонов рӯзи 16 август духтарчаи ҳамсояро, ки дар кӯча бозӣ мекард, бо ваъдаи дар телефони мобилаш тамошо додани филмҳо ба хонаи худ овардааст ва дидаю дониста, нисбат ба ин кӯдаки яқинан хурдсол, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт ва аз худ ҳимоят карда наметавонист, ҳаракатҳои бади шаҳвонӣ анҷом додааст. Баъди ин Болтахонов бо мақсади пӯшондани изи ҷинояти худ, кӯдакро ба саҳни ҳавлиаш бароварда, аз ноҳияи гулӯяш буғӣ карда, бо ҳамин роҳ ба қатл расондааст.
Болтахонов ҷасади кӯдакро як муддат дар дохили буттаҳо дар ҳавлияш пинҳон карда, баъдан бо истифода аз набудани одамон, ҷасадро аз ҳавлӣ бароварда, ба ҷӯйбор партофтааст.
Худи Рустам Болтахонов сабаби даст ба қатли кӯдак заданашро дар гузорише, ки моҳи август дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, чунин шарҳ дода буд: “Вай гуфт, ки ба очаам хабар медиҳам. Баъди ин дар ман фикри куштани ӯ пайдо шуд. Баъд гирифтам ва бо дастам ҷуқидам, буғӣ кардамаш. Баъди чанд вақт кӯдакро гирифтам, аз пеши дарвозаам ҷӯйбори бетонӣ мегузашт, овардам, кӯдакро дар лоток партофтам…”
Вақтҳои охир, дар пасманзари зиёд шудани хабари таҷовузи кӯдакони хурдсол, шумори ҳарчӣ бештари сокинони Тоҷикистон талаб доранд, ки ҳукми қатлро нисбат ба чунин ҷинояткороне, ки ба номуси кӯдакони хурдсол мерасанд, барқарор кунанд.