Номаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДАР ПАНҶАКЕНТ ДОНИШҶӮПИСАРИ ЯКУМКУРС НАМОНДААСТ? (ВИДЕО)

Ватани азизамон рӯз то рӯз ободу зебо мегардад. Ба касе пӯшида нест, ки хизмати Модар- Ватан дар тамоми давру замонҳо муқаддас будааст. Имрӯз ҳам ин раванд барои ҷомеаи мо баробари муқаддас будан масъалаи рақами яку доғи рӯз гардидааст.

Саркашӣ кардан аз хизмати Модар- Ватан баробар бо қонуншиканӣ ва беэҳтироми нисбат ба Қонуни асосии мамлакат маҳсуб аст. Ифтихор аз хизмат ба Ватан дар солҳои на он қадар дур яке аз ифтихороти баланди навҷавонон будааст ва дар баробари ин аскарбачаҳои хизматкарда аз имтиёз ва сабукиҳои зиёд баъд аз адои хизмат бархӯрдор будаанд.

Чанд соли охир ҳамин масъалаи доғи рӯз дар яке аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – Панҷакенти бостонӣ доғтар шудааст.

“Облава” кардану бо роҳи маҷбурӣ ба хизмат фиристодани “студентҳо” яке аз навовариҳо дар ин арса аст, ки солҳои пешин вуҷуд надошт.

Мо метавонистем чун баъзе аз мушкилиҳои ҷузъии ҷойдошта дар шаҳру ноҳия аз ин раванд низ чашм пӯшем, аммо ин мушкилии ба сари донишҷӯён ва падару модари онҳо омада ҷузъӣ нест. Маҳз куллӣ будани ин мушкилӣ ва муроҷиати пай дар пайи волидайни сарсону саргардон моро водор намуд, ки маводи мазкурро пешкаши хонандагон ва масъулин гардонем.

 “- бачем Ансориба мехонад. Дарсба даромада бо се ҳамкурсаш ба зӯрӣ гирифта бурдаанд. Якум курс мехонад, шартномавӣ, оиладор. Ман барои шикоят донишгоҳ рафтам, лекин ба ман гуфтанд, ки Ансорӣ бемор асту корба нест, мегӯяд Кенҷаев Умрӣ, падари яке аз донишҷӯён.

Писари ман муаллими забони англисӣ, китобдори мактаби миёнаро се нафар милиса омада аз хона бурданд. Вақте пурсидам, ки дар кадом асос мебаред, ҷавоб доданд, киписари Шумо бо роҳи сохтани ҳуҷҷати тиббӣ аз хизмат саркашӣ кардааст. Барои муайян кардан ба ШВКД мебарем.” Вақте, ки ман ба ШВКД омадам, аллакай писарамро ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд. Ду сол пеш вақте ки писарамро ба хизмат даъват намуда буданд, аз комиссияи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сабаби бемор ва корношоям будан ҷавоб дода буданд. Имрӯз бошад моро ба сохтакорӣ гунаҳгор мекунанд. Ба болои ин писарам барои тӯйи хонадоршавиаш аз ду бонк ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буд ва аз маорифи шаҳр барои китобҳои дарсӣ ба ҳудуди 2000 сомонӣ қарздор аст. Худам маъюб ҳастам ва дар ягон ҷо кор намекунам. Як писари калониам зиёда аз ҳашт сол мешавад, ки дар Русия бедарак гаштааст. Таъмингари оилаамон ҳамин писари муаллимам буд. Намедонам, қарзашро кӣ бармегардонад?! – гуфт Эркаев Эркинҷон.

Мувофиқи маълумоте, ки аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент мерасанд, ин раванд дар он ҷойҳо боз ҳам мушкилофартар будааст. Ба дари хонаи ҳар нафар даъватшаванда рафтану барои онҳое, ки муҳлати даъваташон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фаро расидаасту худашон дар Федератсияи Русия қарор доранд, сари ҳар нафар ба маблағи 500-600 сомонӣ ҷамъоварӣ намудан ба касе пӯшида набудааст.

Инчунин, баъзе нафароне, ки дар ҳақиқат бояд хизмат кунанд бо ҳар роҳу васила аз ҷониби раисони маҳаллаву ҷамоатҳо рӯпӯш карда мешаванд. Дар ин бора мо маълумотҳои заруриро ба МИҲД-и шаҳр расонида будем.

Ёрдамчии раиси шаҳри Панҷакент Хуршед Азизмуродов миннатдорӣ баён намуда гуфта буд, ки раиси шаҳр ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик дар доираи қонун чораҷӯйӣ карда мешавад. Аммо бо гузашти қариб як моҳ на “чораҷӯйӣ” карда шуду на ҷавоби мушаххас гардонида шуд. Фикр мекунем, МИҲД-и шаҳри Панҷакент, агар дар вақташ ба ин мушкилӣ аз паси панҷа наменигарист кор то ба ин дараҷа намерасиду ба ҷои ҷавонони беномуси гурезпо донишҷӯёнро маҷбурӣ ба хизмат намебурданд.

 P/S: Аз рӯи баъзе маълумотҳо дар Донишкада ва коллеҷҳои шаҳри Панҷакент донишҷӯписари якумкурс намондааст.

P/P/S: Дар ин бора маълумоти дастрасшуда хеле зиёд аст, ин ҷо фишурдаи он оварда шуд.

Ин мавзӯъ давом дорад

 Бибиҷон Ашӯрова

Бознашр аз гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аҷоиб! Оё ҳангоми ин аҳвол қонун чи фикр дошта бошад? Шояд онҷо қонун нест ва ё қонун ҳасту итоат намекунанд. Аҷоиб облаваҳо будаанд ку. Муаллимро наход аз мактаб кашолакаш кунон баред? Агар як бегона фаҳмад ба ҳоли мо механдад! Биёед монеде!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button