ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ВАЗИРОНИ ХОРИҶА ТАФТИШИ КУШТОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ИРКУТСКРО ЗЕРИ НАЗОРАТ ГИРИФТАНД

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 25 ноябр дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров қазияи қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутски Русияро бардоштааст. Бино ба иттилои сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин мавзӯъ дар ин суҳбат ба таври муфассал баррасӣ шуда, “С.Мухриддин таваҷҷуҳи С.Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард.”

Гуфта мешавад, “вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд.”

Ёдовар мешавем, шаби 12 ноябр як гуруҳи сокинони маҳаллӣ дар Залари вагонеро, ки муҳоҷирони тоҷик дар он хоб мерафтанд, оташ заданд. Дар натиҷа ду  муҳоҷири тоҷик Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола аз Файзобод ва Ҳисор ҷон бохтанд. Вале мақомоти Иркутск аз се сокини маҳҳалли дастгиршуда ду нафари муттаҳам ба зинда ба зинда оташ задани муҳоҷирони тоҷикро алакай баъди се рӯз аз ҳабс ҷавоб дода,  се муҳоҷири ҷабрдида Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасановро бо иттиҳоми “қасди куштор” ва Ҷумъабой Искандаровро бо иттиҳоми “авбошӣ”  барои ду моҳ: то 13 январ ба ҳабс гирифтааст. Наздикони  ин муҳоҷирон гуфтаанд,  ки фарзандони онҳо дар он ҳодисаи даҳшатбори шаби 12 ноябр ҷабрдида буданд, на гунаҳкор, вале…

“Далели ҳабсашон бесоҳибии мо буд. Медонанд, ки мо нотавонем, дигар ҳар коре хостанд, мекунанд. Аз дастамон чӣ меояд”, – гуфт Муҳаммадсолеҳ Искандаров, падари Ҷумъабой Искандаров, яке аз муҳоҷирони ҳабсшуда ба Радиои Озодӣ. Муҳаммадсолеҳ Искандаров  гуфт, “додгоҳ пурра яктарафа рафтор кард” ва писари ӯ ва ҳамроҳонашро “бедалел” ба ҳабс гирифт.

Расонаҳои маҳаллӣ навишта буданд, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик, ки дар Залари дар як сохтмон кор мекунанд, рӯзи 12 ноябр ба як духтари маҳаллӣ гап партофтаанд. Ӯ ба дӯстписараш шикоят кардааст ва он ҷавони рус ҳамроҳи як дӯсташ ба сохтмон барои “разбор” омадааст, вале зӯрашон ба муҳоҷирон нарасидааст. Онҳоро аз онҷо пеш кардаанд, вале баъди чанде онҳо як гуруҳи бузурги сокинони маҳаллиро ҷамъ оварда, ба идомаи “разбор” ба пеши муҳоҷирон омадаанд. Дар ҷараёни муноқиша вагонеро, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамчун ҷои хоб ва истироҳат истифода мекарданд, оташ заданд ва дар натиҷа ду муҳоҷири тоҷик зинда ба зинда сӯхтаанд.

Як муҳоҷири шоҳиди ҳодисаи шаби 12 ноябр, ки ба далелҳои амниятӣ нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ фарзия “гап партофтан”-ро рад кард ва гуфт, моҷаро вақте оғоз шуд, ки муҳоҷирони тоҷик рӯзи 12 ноябр барои пешвоз гирифтани падари якеи онҳо ба деҳа рафтанд ва дар дохили мағоза аз ҷониби 6 ҷавони маҳаллӣ таҳқир шуданд. Ӯ  ҷараёни талотуми баъдии ҳодисотро чунин нақл кард:  “Шаби 12 ноябр мошинҳои зиёде вагони моро иҳота кард. Гуруҳи ҷавонон омада буданд. Як нафар бо либоси пулис низ буд. Фикр кардем, санадҳоро тафтиш мекунанд. Хостем ба берун бароем, ки дарро бастанд. Ба сӯи вагони мо тир холӣ карданд. Вагон оташ гирифт, мо нафасгир шудем ва дарро шикаста баромадем. Онҳо бо чӯбу оҳан моро заданд.”

Мақомоти додситонӣ ва пулиси Иркутск ҳодисаро шарҳ надоданд ва маълум нест, бар кадом асос  афроди муттаҳам ба зинда ба зинда оташ задани муҳоҷирони тоҷикро озод карда ва муҳоҷирони ҷабрдидаро баракс ба ҳабс кашидаанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button