Рӯйдодҳои БадахшонСиёсат

АЗ ИСТЕЪФОИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТО… : ТАЛАБҲОИ СОКИНОНИ БАДАХШОН АЗ ҲУКУМАТ МАЪЛУМ ШУД

Инак ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони рӯбарӯи ҳукумати ин вилоят митинги эътирозии сокинон идома дорад.

Сокинон талаб доранд, ки гунаҳкорони нооромиҳои рӯзи 25 ноябр, ки боиси марги се сокини Бадахшон ва ҷароҳат бардоштани 15 тани дигар, аз ҷумла 5 корманди мақомот шуд, ба ҷавобрӣ кашонда шуда, посгоҳҳои зиёди амниятиро аз атроф ва дохили шаҳр бардоранд, нирӯҳои изофии се сол пеш ба Хоруғ ва атрофи он эъзомшударо пас бикашанд. Талаби дигари онҳо истеъфои раиси кунунии вилояти Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот аст, ки рӯзи 25 ноябр, дар рӯзи  нооромиҳо аз Хоруғ хеле дур, бо сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб қарор дошт.

Ҳамзамон, фаъолони зодаи Бадахшон дар  шабакаҳои иҷтимоӣ  ва дар сомонаи Change.org  петитсияеро бо талабҳои худ нашр кардаанд. Ин петитсия дар сомонаи Change.org алакай қариб 1000 имзо ҷамъ овардааст.

Дар петитсия гуфта мешавад, ки рӯзи 25 ноябр, “бесалоҳиятӣ ва ҳукмравоии кормандони мақомоти қудратӣ” сабаби ҳалокати сокинони деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев гардид. Ба ақидаи муаллифон, парвандаи ҷиноӣ ба зидди Зиёбеков ғаразмандона буд, чунки “Гулбиддин ва дигар сокинони Роштқалъа ба ҳимоят аз хоҳари худ, ки қурбони таъқиб (ҳаррасмент) аз тарафи ёвари прокурор шуда буд, бархостаанд. Далели видеоии ин ҳодиса ҳанӯз соли гузашта нашр шуд, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон чора надиданд. Ба ҷои ин ба зидди Гулбиддин парванда кушоданд ва дар ниҳоят ӯ кушта шуд…”

Мақомоти қудратӣ ҳамчунин ба он айбдор карда мешаванд, ки рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ ба зидди эътирозгарон тир кушода, чанд нафарро захмӣ карданд.

Вале прокуратура ва мақомоти амниятии Бадахшон рӯзи 25 ноябр Зиёбековро ба гаравгон гирифтани ёвари прокрурори ноҳии Роштқалъа Абдусалом Абирзода айбдор ва иддао карданд, ки ӯ ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод. Сокинони Тавдем инро рад мекунанд ва мегӯянд, Зиёбеков ва Амиршоев  силоҳ надоштанд.

Муаллифони петитсия ҳамчунин изҳор доштаанд, ки ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартибот дар ВМКБ, ки соли 2018 таъсис дода шуд, “бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон ба худ салоҳияти ҳам суд, ҳам тафтишот ва ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро гирифта, ҳам қонунҳои Тоҷикистон ва ҳам меъёрҳои байналмилалиро поймол мекунад. Сокинони вилоят ҳатто ҳаққи интихоби раиси худро надоранд…”

Дар петитсия дар назди ҳукумати марказии Тоҷикистон чанд талаб кушода шудааст, ки аз ҷумла ин бандҳоро дар бар мегирад:

Дар мавриди ҳодисаҳои 25 ноябри соли 2021

– Тамоми намуда алоқа бо ВМКБ фавран барқарор карда шаванд.

– Ҳамаи афроди дахил дар куштори Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев ва онҳое, ки рӯзи 25 ноябр ба зидди эътирозгарони осоишта тир кушоданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

– Ба оилаҳои қурбониён ва захмиён ҷуброни муносиби моддию маънавӣ пардохт карда шавад.

Дар мавриди таҳкими ҳокимияти маҳаллӣ

– Маҷлиси ғайринавбатии вакилони халқ даъват ва ба қонун “Дар бораи ВМКБ” тағйирот ворид карда шавад, то ки раиси вилоятро бо роҳи овоздиҳӣ интихоб кунанд.

– Ҳукумати қонунӣ дар минтақа барқарор карда шуда, дахолати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ба фаъолияти дигар ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд карда шавад.

– Дар мақомҳои калидӣ дар ниҳодҳои қудратии минтақа намояндагони аҳолии маҳаллӣ барқарор карда шаванд.

Дар мавриди демилитаризатсияи вилоят

– Ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартибот дар ВМКБ, ки соли 2018 таъсис дода шуд, барҳам дода шуда, нирӯҳои эъзомшуда ба маҳалли доимияшон фиристода шаванд,

– Шаҳри Хоруғ пурра демилитаризатсия шуда, воҳидҳои ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва минтақаҳои сарҳадӣ ҷобаҷо карда шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Аз мардуми хоксори Бадахшон хохиш менамоям, ки фирефтаи гуруххои силохбадаст ва наркабаронхо нашаванд ва фарзандони худро аз хамрои бо ин гуна гуруххои чинояткор нигох доранд.

  2. Хизматчиёни макомоти кудратии чумхури хеч гох зидди мардуми бегунох оташ намекушоянд, баракс дур аз хонаводааш шабонарузи дар хизмати халк ва Ватан мебошанд. Хамин хизматчиёни харбианд, ки амнияти кишвар ва хати сархади Точикистон бо Афгонистонро аз душманону бадхохони миллат эмин нигох медоранд, на ин чиянояткорони мардумозор.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button