ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

3 КУШТА ВА 15 ЗАХМӢ. ОҒОЗИ РӮЗИ ДУЮМИ ЭЪТИРОЗҲО ДАР БАДАХШОН

Бино ба охирин хабарҳо, дар нооромиҳои рӯзи 25 ноябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон се нафар кушта шуда,  дастикам 15 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. КДАМ  аз ҷароҳат бардоштани 5 корманди мақомот хабар дод.

Рӯзи 25 ноябр, ки дар маркази вилоят муноқишаҳои мусаллаҳона рӯй дод, раиси кунунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишери Мирзонабот бо сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Раиси вилоят шоми 25 ноябр ба Хоруғ баргашта, намояндагони эътирозгаронро қабул кардааст. Алишер Мирзонабот ба эътирозгарон гуфтааст, аз амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков хабар надошт.

Рӯзи 26 ноябр дар маркази Хоруғ дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят эътирози сокинон давом кард. Субҳи ҷумъа ба болои минбар ҷасадҳои кафанпечи ду нафарро гузошта, аз мақомот талаб доранд, ки гунаҳкорони марги онҳо ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд. Дар видеое, ки дар майдон субҳи 26 ноябр сабт шудааст, дида мешавад, ки дар минбар асосан занон истодаанд ва барои кушташудагон таронаҳои мотам месароянд. Сокинон мегӯянд, ки як қисми эътирозгарон шабона ҳам дар майдон истоданд.

Маркази матбуоти раёсати КДАМ вилояти Бадахшон шоми 25 ноябр дар як гузориши видеоӣ, ки тавассути ТВ Бадахшон нашр шуд, гуфт, дар муноқишаҳои ахир 5 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла 3 корманди амният, як корманди милиса ва як корманди  додситонӣ захмӣ шуданд. Ин ниҳод бори дигар таъкид кардааст, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ки марги ӯ сабаби шурӯи эътирозҳо шуд, барои гаравгон гирифтани  Абдусалом Абирзода ном ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа айбдор мешавад.

Сокинон мегӯянд, ки он ҳодисаи моҳи феврали соли 2020 гаравгонгирӣ набуд, балки ба додситон фаҳмонданд, ки ба духтарони маҳаллӣ чашм ало накунад. Ба гуфтаи сокинон, он вақт додситон аз мардуми Бадахшон узр ҳам пурсид ва масъала бо миёнаравии раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов бо роҳи осоишта ҳал карда шуд, вале баъди барканории Файзов ин парванда аз нав бардошта шуд ва дар ниҳоят ба тирпаррониву марги мардум ва нооромиҳо овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button