ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистонҲуқуқи инсон

ВИДЕОИ НАВ АЗ ХОРУҒ: ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ КӢ БУД?

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Хоруғ видеоҳои нав  расиданд.

Дар яке аз ин видеоҳо, ки “Бомдод” аз нашраш худдорӣ кард, дида мешавад, ки як гуруҳи ҷавонон дар назди дарвозаи як бинои давлатӣ дар наздикии бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афсарони милиса ва амниятро латтукӯб мекунанд.  Чунин ба назар мерасад, ки ду афсари амният, ки рӯзи 25 ноябр ба бемористони вилоятӣ бурда шуданд, дар ҳамин ҷо осеб дидаанд.

Дар видеои дуюм, ки нашр мекунем, дида мешавад, ки як гуруҳи мардум ҷасади кафанпечеро  рӯи даст бардошта, аз кӯча рафта истодаанд.

Тавре хабар додем, сокинон тобут дар даст дар ниҳоят дар назди бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ шуданд. Онҳо гуфтанд, ки ин тобути сокини баъди боздошташ ба таври мармуз ҳалокшудаи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа Гулбуддин Зиёбеков аст ва аз мақомот талаб доранд, то ки гунаҳкорони марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Гулбуддин Зиёбеков, ки 29 сол дошт, аз нафарони пурнуфуз дар минтақаи Шоҳдара  ва аз афроди наздик ба Амриддин Аловатов, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафт. Ӯ солҳои пеш дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, вале баъди ихроҷаш аз Русия дар Шоҳдара кору зиндагӣ мекард.

Аммо прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як изҳорот танҳо захмӣ шудани Гулбиддин Зиёбековро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ  рӯзи 25 ноябр, соати 11:30  ҳангоми “бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид.”

Ба гуфтаи додситонӣ, аз ҷои ҳодиса таппончаи ПМ  бо як тирдон ва 5 тир гирифта шуд.

Прокуратура гуфт, “Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992,  барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт.”

Бино ба фарзияи тафтишот, “Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар  деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.”

Вале фарзияи сокинони Бадахшон аз ин фарзияи мақомот фарқ мекунад. Онҳо гуфтанд, ки соли гузашта як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа, ки зодаи вилояти Хатлон будааст, ба як духтар аз Шоҳдара дил баста, чанд дафъа ба вай паёмҳои ошиқона фиристода, ҳамчунин дар роҳ чанд бор пеши роҳашро гирифта, изҳори ишқ кардааст. Духтар ба хешу табораш шикоят кардааст ва онҳо он корманди прокуратураро якҷоя латтукӯб кардаанд. Он вақт дар Интернет навори он корманди прокуратура ҳам нашр шуда буд, ки аз мардуми Бадахшон узр мепурсад.

Он муноқиша дар соли 2020 бо миёнаравии раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов бо роҳҳои мусолиматомез ҳал шуда буд ва он корманди прокуратураро ба ноҳияи дигар гузаронда буданд.

Аммо баъди барканори Ёдгор Файзов парвандаи латтукӯби корманди додситониро аз сар гирифта, ахиран чанд сокини Шоҳдараро бо иттиҳоми латтукӯби намояндаи ҳокимият дастгир кардаанд. Яке аз онҳо ҳамин Гулбуддин Зиёбеков будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Барои чи пракрора парвандаи чинояти намекушоянд, кинаю адовата хамун бадбахти пракрор сар кардай ку.

    1. Прокрора конун чазотияд бефоида нагуфтаанд,аз кафои як бенамоз хафт шахр вайрон мешавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button