ВидеоИқтисод

СЕ БОЗОРИ “СУЛТОНИ КАБИР”, “ОСИЁ” ВА “МАДАД” ДАР ДУШАНБЕ АЗ 1 МАРТ БАСТА МЕШАВАНД

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки “бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Н.Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва А. Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо” бар асоси қарори шаҳрдорӣ аз 24 ноябри соли 2021 фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Султони Кабир», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Саид»-«Осиё» ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои «Мадад» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино аз 1 марти соли 2022 боз дошта шуда, “минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд.”

Дар бораи ба куҷо кӯчондани савдогарони ин бозор дар шаҳрдорӣ ҳанӯз иттилоъ надодаанд, вале дар иттилоия гуфта мешавад, ки дар ҷои ин се бозор бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст. Шаҳрдорӣ гуфт, сохтмони ин муасиссаҳои тиббӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд.

 “Иқдоми мазкур бо мақсади татбиқи бомароми нақшаи генералӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт ва бунёди иншоотҳои тандурустиву солимгардонӣ роҳандозӣ мегардад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Дар аввали соли 2020 дар Душанбе бозори “Ҷал-Ҷам” низ ба далели мувофиқ набуданаш ба нақшаи Генплан тахриб карда шуд. Савдогарони он бозорро ба бозори навбунёди “Кӯшониён”, ки дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар наздикии Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе сохта шудааст, кӯчонда буданд.

Бозори “Султони Кабир” ҳамроҳ бо бозори “Осиё” бузургтарин бозори фурӯши маҳсулоти ғайри либоса дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор мерафтанд. Мардум ашёи рӯзгор, аз қолину палос то яхдону телевизор, аз белу каланд то қисмҳои эҳтиётии мошинро аз ҳамин ҷо мехариданд.

Молики бозори “Султони Кабир” Аваз Кабиров, як соҳибкори пурнуфузи зодаи ноҳияи Восеъ аст.

Аваз Кабиров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button