ВидеоҲодисаҶомеа

РАҲМАТ БА ПАДАРУ МОДАРАТ! ҚАДРШИНОСӢ АЗ САФАРАЛӢ БАРОИ НАҶОТИ ДУХТАР АЗ ХУДКУШӢ

Роҳбарияти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шаҳрванд Ғоибов Сафаралӣ Гулмаҳмадовичро, ки субҳи 23 нобяр як духтарро аз худкушӣ наҷот дод, “барои далериву ҷасурӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ” бо Сипоснома ва як қатор тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кардааст.

Тавре қаблан хабар додем, субҳи 23 ноябр, соати 10:15 як ҷавондухтари 17-сола аз шаҳри Ваҳдат, ки дорои бемории руҳӣ  буда, ба сабаби хуруҷи бемориаш худашро аз болои пули кӯчаи Саъдии Шерозӣ ба дарё партофт. Дар ҳамин ҳол шаҳрванд Ғоибов Сафаралӣ, санаи таваллудаш 20.08.1990,  истиқоматкунандаи кӯчаи Қаҳҳоров, ки манзили истиқоматиаш дар рӯ ба рӯи маҳалли ҳодиса воқеъ аст, бо шунидани доду фарёди мардум бо шитоб аз сари девори ҳавлиаш парида, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва ба дарё даромада, духтарро аз об берун баровард.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  дар тавсиф аз корнамоии Сафаралӣ Ғоибов гуфт, “воқеан номбурда аз худ матонату ҷасурӣ нишон дода, барои наҷоти ҷавондухтар ҷони худро дар хатар гузоштааст, ки ин амали ҷавонмардонаи Сафаралӣ боиси ифтихор ва намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зимни супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ҳамзамон миннатдории самими худро ба волидайни ин ҷавон расониданд, ки эшон дар ҳақиқат ҷиҳати тарбияи ватандӯстии фарзанди хеш заҳматҳои беандоза кашидаанд.”

Худи Сафаралӣ қаблан гуфта буд, ки ягон корнамоӣ накардааст, балки қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии худро адо кард.

Духтаре, ки ӯ наҷот дод, ҳоло дар беморхонаи Қараболо таҳти назорати духтурон қарор дорад. Вазъи ӯро ҳоло хуб арзёбӣ мекунанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳоеро, ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Мушкилоти зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ як сабаби умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button