Номаҳо ба президентҲуқуқи инсон

АДВОКАТ ШАМСИДДИНОВ БАЪДИ МУРОҶИАТ БА ПРЕЗИДЕНТ БА 8 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 24 ноябр Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқро, ки дар поёни  соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд, боз ба ҳашт моҳи иловагии зиндон маҳкум кардааст. Як намояндаи додгоҳи Бохтар  ба Радиои Озодӣ 8 моҳ ҳукм гирифтани Шамсиддиновро тасдиқ карда, гуфтааст, ки ҳукми ӯро додрас Ҳанифа Алимзода содир кард. Вале намояндаи дигар ҷузъиёти дигар надодааст ва маълум нест, ки додгоҳ бо чӣ ҷурме ба ҳукми адвокат 8 моҳи дигар афзудааст? Ин дар ҳолест ки ки айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 18 ноябр Шамсиддиновро ба ҳамкорӣ бо ҳаракати оппозитсионии мамнӯи “Гуруҳи 24” айбдор карда, аз додгоҳ барои ӯ ҳамчун ҷазо 7 соли зиндон талаб карда буд.

Дар пайи ин талаби додситонӣ Саиднуриддин Шамсиддинов муроҷиатномаашро ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ нашр кард.

Саиднуриддин Шамсиддинов дар ин муроҷиатнома гуфт, ӯро бо мақсади пӯшондани қонуншиканиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Вахш бар асоси иттиҳомоти сохтаю бофта маҳкум ба зиндон карда, барои онки дигар ба ягон ҷо шикоят накунад, аз номаш дар Интернет видеоҳо нашр карда, ба зиддаш бо иттиҳоми гӯё ҳамкорӣ доштанаш бо созмонҳои мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва “Гуруҳи 24” парвандаи нав оғоз кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳамин муроҷиат боис шуда, ки додгоҳ бо судури ҳукми ками 8 моҳ нисбат ба Шамсиддинов иктифо кунад?

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт,  чунин ҳукми додгоҳро пирӯзии ӯ ва зерҳимояаш номидааст: “Ҳашт моҳе, ки додаанд, бо назардошти давраи нигоҳдориаш дар СИЗО-и Бохтар ба эътибор гирифта намешавад. Дар умум 8 солу 2 моҳи дигари ҳабсаш мондааст. “Ман бо далелҳо пешниҳод кардам, ки ё Саиднуриддин сафед карда шавад, ё парванда қатъ гардад ва ё ба тафтишоти дубора фиристода шавад. Зикр кардам, иттиҳоме, ки нисбати зерҳимояи ман эълон шудааст, ҷиноят нест, касе зарар надидааст. Додгоҳ пас аз санҷидани ҳарфҳои мо ҳукмашро хонд”.

Адвокати зиндонӣ дар муроҷиаташ гуфта буд, додситони ноҳияи Вахш ҳатто шахсан ба маҳбас омада, ӯро шиканҷа дод, то ки аз идомаи шикоятҳояш даст кашида, ба тақдир тан диҳад.

Саиднуриддин Шамсиддинов аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хост, ки парвандаи ӯро зери назорати худ бигиранд ва ба як додгоҳи беғараз бисупоранд.

“Агар гунаҳкор бошам, тайёрам, дар назди қонун ҷавоб диҳам. Лекин ман ягон гуноҳ надорам. Ягона гуноҳам ҳамин буд, ки қонуншиканиҳоро дар ноҳияи Вахш ошкор кардам…” – гуфта буд адвокати зиндонӣ.

Саиднуриддин Шамсиддиновро  моҳи декабри соли 2020 бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла барои харидуфурӯши замин ва қаллобӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карданд.  Ғ рӯзи 25 декабр дар сухани охирини худ дар додгоҳ  гуфт, иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро намепазирад. Шамсиддинов қаблан шикоят карда буд, ки пас аз чанд муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтаанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд.

Шамсиддинов дар Душанбе дар маҳбаси собиқ кормандони мақомоти қудратӣ, воқеъ дар наздикии раёсати БДА ҳукми худро адо мекунад.

Моҳи июн хабар омад, ки ба зидди  ин адвокат, ки алакай ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст,  бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, аз ҷумла  “Гуруҳи 24” парвандаи нав кушодаанд.  Гуфта мешуд, ки ӯ гӯё моҳи январдар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст.

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов,  он вақт гуфт, зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст. Вай афзуд, зерҳимояаш танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар ноҳияи Вахш ба сомонаи президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button