ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ РОҒУН

Субҳи 24 ноябр, соати 07:34, як заминларзаи чорбаллӣ Тоҷикистонро таккон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки маркази заминларза дар 83-километрии шимолушарқи пойтахт, шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, 3- 4 балл ва дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил додааст. Бар асари ин офати табиӣ ягон талафоти ҷонӣ ё молӣ ба қайд гирифта нашудааст, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки маркази заминларзаи ахир дар минтақаи Обигарми водии Рашт ҷойгир шуда,  замин дар умқи 10 км ларзидааст ва шиддати заминларза дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер,  4,2 баллро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон 3 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 14 чунин заминларза ва дар як соли охир 192 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли ҷорӣ бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button