ВидеоҶомеа

ШАХСИЯТИ ДУХТАРЕ, КИ ХУДРО БА ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАРТОФТ, МУАЙЯН КАРДА ШУД (ВИДЕО)

Pressa.tj бо такя ба маълумоти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки мақомот шахсияти духтареро, ки субҳи 23 ноябр худро аз болои пули “Текстил” ба дарё партофт, муайян кардаанд. “Дар натиҷаи тафтишот маълум карда шуд, ки ҷавондухтаре, ки қасди худкушӣ кард, 17 сол дошта, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад ва бемории рӯҳӣ дорад. Гуфта мешавад, ки бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст. Айни ҳол вазъи саломатии духтар хуб арзёбӣ гардида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба Беморхонаи Қарияи Боло дастрас гардида ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, – хабар додааст нашрия.

Сомонаи Рressa.tj  рӯзи 23 ноябр бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки соати 10:15 як духтар худро аз болои пули байни чопхонаи “Шарқи Озод” (ГЖК) ва корхонаи нассоҷӣ (маъруф ба пули Текстил) ба дарёи Душанбе партофт, вале Сафаралӣ Ғоибов ном сокини пойтахт, ки хонааш дар наздикии тарабхонаи “Форель” ҷойгир шудааст, худро ба дарё андохта, тавонистааст, ки ин духтарро зинда берун биорад ва аз худкушӣ наҷот диҳад.

Аввалин шуда, худро ба дарё партофтани духтарро ду корманди БДА Алишер Ҷалолов ва Файзулло Раҳимов, ки дар роҳи мошингард машғули кори худ: назорати ҳаракати мошинҳо буданд, дида, бо ратсия ба мақомот хабар додаанд. Аммо ин ду корманди милиса ба кадом сабаби ҳанӯз Файзулло Раҳимов ношане барои наҷоти он духтар нашитофтаанд.

Дар ин ҳангом ҳанӯз то расидани дигар кормандони мақомот,  Сафаралӣ Ғоибов, ки дар хонааш буд, садои доду фиғони мардумро шунида, аз болои девори ҳавлиаш ҷаҳида, худро ба дарё меандозад ва духтарро аз об берун мекашад. Ба дунбол, чанд раҳгузари дигар низ ба кумак мерасанд ва духтарро аз соҳил ба боло мебароранд.

Сафаралӣ Ғоибов ҳодисаро ба  Рressa.tj  чунин нақл кардааст: “Дар ҳавлӣ будам, якбора фиғони баланди мардум ба гӯшам расид, ки худро ба дарё касе партофт, наҷот диҳед. Ин вақт ба ҳеҷ куҷо нигоҳ накарда, аз болои девори ҳавлӣ парида, дохили дарё шудам. Духтарро бо азоб кашола карда, то соҳил расондам. Баъд чанд каси дигар кӯмак карданд ва духтарро то назди тарабхонаи “Форель” расондем. Ман фақат бо ин амалам қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам”.

Бино ба гузориши Рressa.tj , шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки вақте духтар худро аз болои пул мепартофт,  як шахси наздик ба ӯ аз пасаш давида истода буд. Баъдан маълум шудааст, ки ин мард падараш будааст, ки барои пешгирӣ аз худкушии духтараш аз пасаш омада будааст.

Файзулло Раҳимов, нозири БДА-и шаҳри Душанбе ба Рressa.tj  гуфтааст, ки агар онҳо ҳам наздиктар мебуданд, пеши роҳи худкушии духтарро мегирифтанд: Мо аз ин тарафи роҳ истода будем. Давидани падарашро дидем ва дидем, ки чӣ гуна ногоҳ духтар худро аз болои пул ба об партофт. Агар наздиктар мебудем, пеши роҳашро мегирифтем. Баъдан, фавран тариқи “ратсия” ба мақомоти милитсия ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар расондем”.

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳоеро, ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Мушкилоти зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ як сабаби умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button